Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  бо Иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ дошт.

Дар ҷараёни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум роҷеъ ба масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон мубодилаи афкор анҷом дода, ба дурнамои рушди онҳо таваҷҷуҳ намуданд.

Зимнан аз натиҷаҳои сафари кории ба қарибӣ суратгирифтаи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов ба Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Анҷоми сафари кории Пешвои миллат дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Муъминобод ва Восеъи вилояти Хатлон

з 3 то 6 — уми октябри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Муъминобод ва Восеъи вилояти Хатлон қарор доштанд.

Ифтитоҳи маҷмааи муҳташами варзишӣ дар ноҳияи Данғара

Дар маркази ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ маҷмааи муҳташами варзиширо ифтитоҳ намуданд.

Сохтмони маҷмааи варзишӣ моҳи марти соли 2012 оғоз гардида, имрӯз бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои таҷлили ҷашни умумимиллӣ 25 — умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Оғози фаъолияти корхонаи истеҳсолии “Дунёи нав” дар шаҳри Душанбе

Дар кӯчаи “Соҳилӣ”-и шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти корхонаи истеҳсолии “Дунёи нав” расман оғоз бахшиданд.

Ин бино аз 8 ошёна иборат буда, бо назардошти муосиртарин талаботи шаҳрсозӣ сохта ба истифода дода шудааст.

Аснои шиносоӣ ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки бинои мазкур дар масоҳати 9000 метри мураббаъ бунёд ёфта, дар он шароити арзанда барои фаъолияти дӯзандагӣ, қолинбофӣ, сӯзанидӯзию гулдӯзӣ фароҳам оварда шудааст.

Ифтитоҳи бинои нави Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашни бузурги умумимиллӣ 25 — умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои пойтахт иншооти таъиноти гуногунро ифтитоҳ карда, бо сокинон суҳбату мулоқоти судманд доир карданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бинои нави Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Страницы