Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо сокинони деҳоти Ворухи шаҳри Исфара

09.04.2021, шаҳри Исфара

Муҳтарам намояндагони мардуми шарафманди шаҳри бостонии Исфара ва деҳоти Ворух!

Сафари навбатии мо ба шаҳри Исфара ва мулоқоти мову шумо дар рӯзҳои ҷашни бузурги Наврӯзи байналмилалӣ ва соли барои Тоҷикистони маҳбубамон воқеан таърихӣ, яъне 30 – солагии истиқлоли давлатӣ баргузор мегардад.

Бинобар ин, кулли мардуми Исфараи бостонӣ, деҳоти Ворух ва ҳар яки шуморо ба ифтихори ҷашни Наврӯз самимона табрик гуфта, ба шумо барои заҳмати созандаву ватандӯстона ва истиқболи гарму самимиатон изҳори сипос менамоям.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хати обрасонӣ барои обёрии 100 гектар заминро ба истифода дода, ба бунёди токзори навъи кишмиш дар Хоҷагии деҳқонии «Шукрулло» дар Истаравшан оғоз бахшиданд

ДУШАНБЕ, 08.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Истаравшан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хати обрасонӣ барои обёрии 100 гектар замини хоҷагиҳои деҳқонии “Мазбут”, “Маъмур С”, “Ситодел”,  “Турсунбой-бобо”-ро ифтитоҳ намуда, ба бунёди токзори навъи кишмиш дар Хоҷагии деҳқонии “Шукрулло” оғоз бахшиданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази ташхисию табобатии «Тибби Сино»-ро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ифтитоҳ намуданд

ДУШАНБЕ, 07.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 7 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҳамчунин дар деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои нави маркази ташхисию табобатии “Тибби Сино”-ро ифтитоҳ намуданд.

Иншооти муосир аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст — Иномҷон Тоҷибоев, Абдусалом Раҳимов ва Равза Мирзоева бунёд гардидааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Парламенти Ҷумҳурии Корея Пак Бён Сок мулоқот намуданд

ДУШАНБЕ, 01.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 1 апрели соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Парламенти Ҷумҳурии Корея Пак Бён Сокро, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни сӯҳбати самимӣ ба муҳимтарин масъалаҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла таҳкими равобити байнипарламентии Тоҷикистону Корея мароқ зоҳир карда шуд.

Страницы