Сиярова Дилхоҳ

Сиярова Дилхоҳ
Сиярова Дилхоҳ Назришоевна 25-01-1965 дар ноҳияи Панҷ ба дунё омадааст. Хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, факултаи филалогияи тоҷик шуъбаи журналистика. Фаъолияти эҷодиашро аз солҳои донишҷӯӣ дар радиои Тоҷикистон оғоз намудааст. Баъдан дар шуъбаи иҷтимоиёт ва фарҳангӣ ноҳияи Шоҳмансур ба ҳайси сардори шуъба ко рва фаъолият намудааст. 
Сипас дар идораи барномаҳои фарҳангӣ ва фароғатии Шабакаи якуми ТВТ ва Муассисаи ТВ «Сафина» кори худро идома додааст. Дар ТВ «Сафина» муддати ҳашт сол сармуҳарририи идораи таҳияи филмҳо ва дубляжро ба уҳда дошт. Зиёда аз 200 филмҳои бадеию мустанадро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст. Тарҷумон, ровӣ ва муҳаррир. Оиладор, соҳиби се фарзанд. 
Аз рӯзи таъсисёбии ТВ «Синамо» сардори шуъбаи «Филмҳои миллӣ» мебошад.