Ансамбли рақсии «Зебо» дар Фестивали байналмилалии «Рақси лазгӣ» сазовори ҷои дуюм шуд

Гурӯҳи раққосони Ансамбли давлатии рақсии «Зебо» дар Фестивали байналмилалии «Рақси лазгӣ» миёни 30 давлати дунё бо рақсҳои ҷаззобу дилфиреби тоҷикона соҳиби ҷои дуюм гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати фарҳанги мамлакат.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, фестивали мазкур аз 25 то 30 апрел дар шаҳри Хеваи Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид. Дар он 13 нафар раққос таҳти роҳбарии Артисти халқии СССР Зебо Аминзода ва Директори генералии Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодию консертӣ Бахтовар Раҳмонзода Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд.

Тибқи лоиҳаи мероси фарҳангии Узбекистон, фестивали мазкур дар ду сол як маротиба баргузор мешавад.

Ин фестивал бо мақсади ҳифз ва рушди анъанаҳои қадимии санъати «Рақси хоразмии лазгӣ», мустаҳкам намудани риштаҳои дӯстӣ ва бародарӣ миёни халқҳо тавассути санъати рақс, минбаъд васеъ намудани доираи ҳамкории эҷодӣ ва робитаҳои фарҳангӣ дар сатҳи байналмилалӣ доир мешавад.
Ҳамчунин дар доираи фестивал павилонҳои намоишӣ бахшида ба санъати рақс фаъолият намуданд, ки дар ин ҷо иштирокчиён асбоби мусиқӣ ва либосҳои миллӣ, ҳунарҳои дастӣ, осори санъати тасвирӣ ва амалӣ, ҳайкалтарошӣ, филмҳои бадеӣ ва ҳуҷҷатӣ, дискҳои аудио ва видео, китобҳо, албомҳо ва аксҳоро пешкаши тамошобинон намуданд.

«Рақси хоразмии лазгӣ», ки дар таърихи ғании санъати рақсии мамлакати мо ҷойгоҳи махсус ишғол мекунад, бо услуби хоси иҷро ва ҷаззобии худ на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки дар кишварҳои хориҷӣ низ маъмул аст. Аз ҷониби ЮНЕСКО ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил шудани «Рақси хоразмии лазгӣ» низ аз беҳамтоии ин санъат шаҳодат медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки моҳи сентябри соли 2019 дар Фестивали байналмилалии «Мӯъҷизаи рақс», ки дар шаҳри Хеваи Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид, миёни намояндагони 20 давлати ҷаҳон ва гурӯҳҳои рақсӣ аз тамоми минтақаҳои Узбекистон Ансамбли рақсии «Зебо»-и шаҳри Хуҷанди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳунарнамоӣ намуда буд.