Шиносоӣ бо фаъолияти КВД «Маҷмааи гармхонаҳои доимоамалкунанда»-и шаҳри Нораки вилояти Хатлон

Шиносоӣ бо фаъолияти КВД «Маҷмааи гармхонаҳои доимоамалкунанда»-и шаҳри Нораки вилояти Хатлон
Дар шаҳри Норак Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии «Маҷмааи гармхонаҳои доимоамалкунанда» бевосита шинос шуд. 
Чунонки иттилоъ доданд, маҷмааи гармхонаҳои шаҳри Норак соли 1982 бунёд гардида, дар замони истиқлолият пурра мавриди таҷдиду азнавсозӣ қарор гирифтааст. 
Масоҳати умумии Маҷмааи гармхонаҳои доимоамалкунанда 12 гектар буда, асосан дар 6 гектари он, ки шаш гармхона бунёд шудааст, сабзавоти барвақтӣ, аз қабили помидор, бодиринг, қаламфӯри булғорӣ, карам ва кабудиҳо парвариш карда мешавад. 
Гуфта шуд, ки дар мавсими имсола деҳқонон аз шаш гармхонаи мавҷуда ҳудуди 100 тонна сабзавоти барвақтӣ, аз ҷумла 69 тонна помидор, беш аз 3,5 тонна бодиринг ва 5 тонна дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ ҷамъоварӣ карда, бо нархи дастрас барои фурӯш ба бозор бароварданд. 
Роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии «Маҷмааи гармхонаҳо»-и шаҳр ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки то охири мавсим ин нишондод дар маҷмуъ ба 250 тонна расонида мешавад, зеро ба ҳисоби мутахассисон ҳосили интизорӣ аз ҳар як гамрхона ҳудуди 28 тоннаро ташкил медиҳад. 
Иттилоъ дода шуд, ки дар соли гузашта аз ин гамрхонаҳо 170 тонна помидор ва 50 тонна бодиринг ҷамъоварӣ карда шуда буд. 
Гуфта шуд, ки бо анҷоми корҳои агротехникӣ ва интихоби тухмиҳои хушсифат ҳосилнокии зироат дар ин гармхонаҳо аз ҳар гектар ба 360-400 сентнер расонида шуд ва деҳқонони соҳибтаҷриба барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат-таъмини амнияти озуқаворӣ аз тамоми имконияту шароити мавҷуда оқилона истифода мебаранд. 
Айни замон дар ин гармхонаҳо зиёда аз 50 нафар сокинон бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шудаанд. 
Маҷмааи гармхонаҳои мазкур ҳамчунин дорои шабакаи ягонаи гармидиҳӣ мебошад, ки аз замони ба кор оғоз кардан то ба имрӯз, яъне давоми 34 сол тариқи қувваи барқ фаъолият мекунад. 
Тибқи нақшаи тарҳрезишуда дар ояндаи наздик дастгоҳҳои буғхонаи маҷмааи гармхонаҳо мавриди таҷдид қарор хоҳанд гирифт. 
Ба гуфти деҳқонон хароҷоти қувваи барқ имрӯз арзиши маҳсулотро боло мебарад ва онҳо гузаштан ба сӯзишвории алтернативӣ, аз ҷумла ангиштро ба манфиати кор медонанд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки ҳамкории пайвастаи деҳқонони КВД «Маҷмааи гармхонаҳои доимоамалкунанда»- и шаҳри Норак бо олимони соҳаи кишоварзӣ натиҷаи дилхоҳ ба бор меорад. 
Бо таваҷҷуҳ ба рушди бахши сабзавоткорӣ дар ҳар як гармхона барои муайян намудани тобоварӣ ва ҳосилнокии зироати кишоварзӣ қитъаҳои таҷрибавӣ таъсис дода шудааст, ки анҷоми ин кор дар оянда ба деҳқонон барои ба даст овардани ҳосили фаровон кӯмак хоҳад кард. 
Ҳамин аст, ки имрӯз маҷмааи гамхонаҳои мазкур барои донишҷӯёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар самти парвариши сабзавоти барвақтӣ пойгоҳи омӯзишӣ ба ҳисоб меравад, зеро онҳо ба таври амалӣ дар ин ҷо таҷриба меомӯзанд. Дар ин баробар олимони соҳа бо анҷоми таҳқиқоти илмӣ ба деҳқонони кишвар навъҳои серҳосили зироати кишоварзиро пешниҳод мекунанд. 
Деҳқонони ин гармхонаҳо дар баробари таъмини бозори дохилӣ, ҳамчунин сабзавоти тару тозаи кишоварзӣ, аз ҷумла помидору бодирингро ба Федератсияи Россия содирот мекунанд.