Конфронс: «Осорхона- махзани фарҳанги миллӣ»

Конфронс: «Осорхона- махзани фарҳанги миллӣ»

Имрӯз дар Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд конфронси илмӣ таҳти унвони «Осорхона- махзани фарҳанги миллӣ» баргузор гардид. Конфронс ба 90-солагии таъсиси Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, ки яке аз куҳантарин осорхонаҳои кишвар маҳсуб мешавад, бахшида шудааст.
Дар конфронс маърӯзаҳои олимону муаррихон дар мавзӯъҳои «Осорхона — оинаи таърихи шукӯҳманди ниёгон», «Васиқае аз мазори Шайх Муслиҳиддин», «Тадқиқоти археологии шаҳри Хуҷанд ва Қалъа», «Осорхона ва осорхонашиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида шуданд.
Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дар Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» ҷойгир буда, ҳамарӯза теъдоди зиёди сокинон ва сайёҳон аз он боздид менамоянд.
Аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ва «Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ» соли равон зиёда аз 41005 нафар дидан намудаанд.