Озмуни «Андалеб — 2016» дар Роғун баргузор шуд

Озмуни «Андалеб — 2016» дар Роғун баргузор шуд

Дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Роғун бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки беш аз 300 нафар ҷавонону фаъолон Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб — 2016» баргузор шуд.
Дар майдончаи назди Қасри фарҳанги шаҳр намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла чакандӯзӣ, бофандагӣ, хӯрокҳои миллӣ ва лоиҳаҳои сохтмонии шаҳр ба намоиш гузошта шуданд.
Дар фестивал- озмун беҳтарин ҳунармандони ҷавони шаҳр аз рӯи шартҳои намоиши ҳунарҳои миллӣ, рақси якка, навозиш бо ин ё он асбоби мусиқӣ, суруди якка, намоиши либосҳои занона ва мардонаи миллӣ, суруди халқӣ, намоиши тӯйи арӯсӣ ва саҳначаи ҳаҷвӣ маҳорат ва малакаи худро нишон доданд.