Рӯзҳои наздик ҳавошиносон борони шиддатнокро пешбинӣ менамоянд

Рӯзҳои наздик ҳавошиносон борони шиддатнокро пешбинӣ менамоянд

 23-24 май   ҳавошиносон  эҳтимоли  боридани борони кӯтоҳмуддат,  дар баъзе минтақаҳо шиддатнок, раъду барқ ва боридани жоларо пешбинӣ менамоянд.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд, дар ин рӯзҳо дар ҳамаи минтақаи ҷумҳурӣ ҳаво нисбатан салқин шуда, боридани боронҳои кӯтоҳмуддат дар назар аст.
Пагоҳ, 24 май дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда ва борони кӯтоҳмуддат  дар назар аст. Ҳаво  шабона 11-13, рӯзона 25- 27 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ — ҳавои тағйирёбанда, боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар дошта шудааст .Ҳаво  шабона 10-16 дараҷа, рӯзона то 25-28 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда шуда, эҳтимоли боридани борони кӯтоҳмуддат, дар баъзе ҷойҳо шиддатнок дар назар буда, ҳаво шабона 14-19, рӯзона 25-30 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, боридани борон дар назар аст. Ҳарорат дар ғарб шабона 7-12, рӯзона 20-25; дар шарқ шабона -1+4, рӯзона 11-16 дараҷаро ташкил хоҳад дод.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда шуда, борон меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 18-23, рӯзона 25-30 дараҷа гарм хоҳад шуд.