Машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва Олмон дар Душанбе

Машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва Олмон дар Душанбе

Дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ва Ваколатдори Вазорати федералии корҳои хориҷии Олмон оид ба Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ Андреас Пешке машваратҳои сиёсӣ миёни ду кишвар баргузор гардиданд.
Дар машваратҳо табодули назари судманд роҷеъ ба ҳолат ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангӣ, маориф, масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар доираи барномаҳои Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ, авлавиятҳои раисии Олмон дар Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ва масъалаҳои дигари мавриди эҳтимоми тарафайн сурат гирифт.
Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои судманд дар ҳамаи самтҳои авлавиятноке, ки ба тавсеаи минбаъдаи робитаҳои дуҷонибаю бисёрҷониба миёни Тоҷикистону Олмон мусоидат хоҳанд кард, изҳор намуданд.