Гузоштани санги асоси мактаб барои 640 ҷойи нишаст дар ноҳияи Ёвон

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар маркази  шаҳраки Ёвон  ба сохтмони як Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ  барои 640 ҷойи нишаст дар як баст  санги асос  гузошт. Бо дастур ва ҳидоятҳои бевоситаи   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони ин муассисаи таълимӣ соҳибкори ватандӯст Баҳриддин Ҷӯрахонов, ки саҳмдори Корхонаи истеҳсоли сементи “Чжунгтсай Моҳир Семент” мебошад, иқдом  гирифтааст.

Тибқи нақша дар ин маҳалла Баҳриддин Ҷӯрахонов  аз ҳисоби маблағҳои соҳибкорӣ дар давоми 18 моҳ бо харҷи   14  млн сомонӣ мактаби  сеошёнаи  замонавӣ  ва  дорои  шароити муосири таълиму тарбия  бунёд  менамояд.

Хотиррасон  бояд  кард, ки  дар  ноҳияи  Ёвон  ин  дуюмин  иқдоми соҳибкор  дар бунёди  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ буда, моҳи апрели соли равон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар деҳаи  Даҳанаи  ноҳия як мактаби хуштарҳу замонавии барои 640 ҷойи нишаст дар як баст  аз ҳисоби маблағҳои ин соҳибкор бунёдгардида мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда буд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои чунин иқдоми нек  бори дигар ба  соҳибкор Баҳриддин Ҷурахонов изҳори сипосу минатдорӣ карда, ин  амали созандаро барои доираи дигари соҳибкории мамлакат  намунаи ибрат арзёбӣ намуд.

Худи ҳамин рӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди иштирок дар расми ифтитоҳи тантанавии роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлоб, мавриди баҳрабардорӣ қарор додани Корхонаи истеҳсоли сементи “Чжунгтсай Моҳир Семент” ва  суҳбату вохӯриҳои судманд бо кормандони соҳаи роҳу нақлиёт ва саноатчиён  аз ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ба маркази ин вилоят шаҳри Қӯрғонтеппа сафар намуд.