Шоимардон Сафаров

      Шоимардон Сафаров  30.01.1994  ба дунё омадааст.Айни  ҳол дар шўъбаи рўзноманигории ТВ ва Радиои  факултети Театр,кино ва телевизиони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода  таҳсил мекунад.

     Аз  моҳи  марти соли 2016  ба Муассисаи давлатии телевизиони Синамо  ба кор омада, ҳамзамон дар Идораи барномаҳои  иттилоотю  таҳлилиӣ ба ҳайси муҳаррир фаъолият дорад.

     Шоимардон Сафаров  дар тўли фаъолияташ  дар ТВ Синамо  як қатор сужаву гузоришҳо  барои  Барномаи таҳлилию   хабарии  «Иттилоъ» таҳия намудааст,ки аз ҷониби роҳбарият хуб пазируфта шудааст.

     Ҳамзамон пешбарандаи барномаи ҷолибу  дидании «Нанотехнология»  мебошад.

     Шиори барномаи «Нанотехнология»: «Ҳамеша ҳамқадами замон бошед,зеро маълумот доштан аз навтарин технологияи муосир-ҷаҳонро дар даст доштан аст».