Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои меҳмонхона, ҳаммом ва маркази хизматрасонии «Шайдон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншоот аз се ошёна иб

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси ноҳияи Ишкошими
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
озод намудани Самадзода З.М.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :

Самадзода Зикрихудо Муҳаммадаюбхон бо сабаби ба кори дагар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
10 августи соли 2019
№1331

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи раиси ноҳияи Ишкошими
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
таъин намудани Мирзозода М.О.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :

Мирзозода Мусо Одинамуҳамад раиси ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
10 августи соли 2019
№1332

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи муовини якуми Фармондеҳи
Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии
Ҷумҳурии Тоҷикистон — сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии
Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Пиракзода Ҳ.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :

Пиракзода Ҳикматулло муовини якуми Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон — сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
10 августи соли 2019
№1333

орат буда, дар қабати якуми он ҳаммом, ҳавзи оббозӣ, буғхона, кошонаи ҳусн ва сартарошхона ҷой дода шудааст. Дар ошёнаи дуюм меҳмонхона бо 20 ҷой ва дар ошёнаи сеюм ошхона бо 60 ҷой ва толори тенниси рӯи миз ташкил карда шудааст. Корҳои сохтмониро дар бинои меҳмонхона, ҳаммом ва маркази хизматрасонии “Шайдон” соли 2017 оғоз намудаанд. Ҳуҷраҳои меҳмонхона бо шароити зарурӣ барои қабули меҳмонон ва сайёҳони дохилию хориҷӣ таъмин мебошанд.

Дар ин маркази хизматрасонии муосир зиёда аз 10 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд. Масоҳати умумии бино зиёда 700 метри мураббаъро дар бар гирифта, дар яке аз маконҳои зебоманзари маркази деҳоти Сари Хосор ҷойгир шудааст ва он хеле назаррабо ба чашм мерасад. Атрофи биноро дарахтони ороишӣ ва нишастгоҳҳо зиннат медиҳанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити маркази хизматрасонӣ ҷиҳати истифодаи пурсамар аз имконоти фароҳамгардида ва муаррифии ҳарчи бештари мавзеъҳои тамошобоби Сари Хосор ба масъулин дастуру ҳидоятҳо доданд.

Деҳоти Сари Хосор дорои табиати зебо ва мавзеъҳои зиёди сайёҳӣ буда, ҳамасола аз он теъдоди зиёди сайёҳони дохиливу хориҷӣ дидан мекунанд. Дар ояндаи наздик ба хотири рушди соҳаи сайёҳӣ дар минтақаи Сари Хосор боз бунёди 5 адад меҳмонхонаи замонавии дигар низ ба нақша гирифта шудааст. Мавзеи Сари Хосор барои рушди навъҳои гуногуни сайёҳӣ, аз ҷумла саёҳати экологӣ, кӯҳгардӣ ва шикор созгор мебошад. Деҳоти Сари Хосор бо имкониятҳои зикршуда дар кишвар яке аз минтақаҳои зебои сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза, иқлими мусоид ва ёдгориҳои нодири таърихиву фарҳангӣ мебошад. Эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар кишвар такони ҷиддӣ бахшид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз мавриди истифода қарор додани марказҳои хизматрасонӣ ва суҳбат бо кормандону масъулин иншооти ба истифодадодашударо туҳфаи арзандаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон барои мардуми деҳоти Сари Хосор дар рӯзҳои таҷлил аз 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карданд.