Телевизион

Ифтитоҳи муассисаҳои давлатии телевизиони «Варзиш», «Синамо» ва Академияи воситаҳои ахбори омма

Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ якбора се иншооти муҳими Васоити Ахбори Омма - Муассисаи давлатии телевизиони Варзиш, Муассисаи давлатии телевизиони Синамо ва Муассисаи давлатии Академияи васоити ахбори умумро ифтитоҳ намуд.

Мушаххасоти техникӣ

Тамошобинони гиромӣ, пахши барномаҳои телевизиони навтаъсиси «Синамо» формати рақамӣ буда, мушаххасоти техники он чуни наст:
Тавассути канали телевизионии 46:
Шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Ваҳдат, Панҷакент, Варзоб, Ҳисор, Рўдакӣ, Шаҳринав, Қурғонтеппа, Бохтар, Вахш, Хуросон, Ҷиликул, Ҷалолиддини Румӣ, Восеъ ва Абдураҳмони Ҷомӣ.

Муассисаи давлатиии телевизиони «Синамо»

Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо» бо ташаббуси Асосгузори ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2015 таъсис ёфтааст. Фаъолияти телевизиони «Синамо» пеш аз ҳама дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда, қарорҳои Ҳукумат, супоришҳои роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ