Маъмурият

Набизода Набӣ

Набизода Набӣ
Набизода Набӣ соли 1961 таваллуд шудааст. Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистонро дар соли 1983 бо ихтисоси режиссёр бо дипломи аъло хатм кардааст. Ӯ аз соли 1983 дар Телевизиони Тоҷикистон фаъолитяи кории худро ҳамчун ёвари коргардони идораи адабию драмавӣ оғоз намудааст. Сипас ба ҳайси коргардони идораҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва мусиқӣ адои хизмат намудааст. 
Инчунин, ба ҳайси саркоргардон дар идораҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иттилоотӣ ва «Субҳ» - и Шабакаи якум фаъолият доштаааст. Тайи чанд соли охир дар вазифаи Саркоргардони Шабакаи якуми телевизони Тоҷикистон ифои вазифа намудааст. аз 2-юми феврали соли 2015 то моҳи августи соли 2015 дар вазифаи сармуҳаррири идораи «Субҳ» фаъолият кардааст. Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми ноябри соли 2015 то имрӯз директори Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо» мебошад. 

Сафаров Комрон Исмоилович

Сафаров Комрон Исмоилович

20 – уми январи соли 1978 таваллуд шуда, соли 2000-ум факултаи журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи давлатии милли Тоҷикистон (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) – ро бо ихтисоси журналист – тарҷумон хатм намудааст. Аз соли 2000 то 2002 дар Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» дар вазифаи тарҷумон кор карда, моҳи сентябри соли 2002 тавассути озмун дар идораи барномаҳои сиёсии Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон ба ҳайси муҳаррир ба кор қабул гардид. 
Аз соли 2006 дар вазифаҳои муовини сармуҳаррири идораи барномаҳои сиёсӣ, сармуҳаррири идораи мазкур,муовини директори Шабакаи якум ва котиби масъули маъмурияти Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон кор кардааст. Аз моҳи ноябри соли 2014 то моҳи ноябри соли 2015 дар вазифаи муовини аввали директори Шабакаи якум фаъолият карда, аз 25-уми ҳамин моҳ то имрӯз муовини якуми директории Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо» мебошад.

Ғафуров Бобоҷон Саъдуллоевич

Ғафуров Бобоҷон Саъдуллоевич
17-уми апрели соли 1981 дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. Соли 1988 ба мактаби миёнаи №5-и деҳаи Пушинг ба синфи якум рафта, онро соли 1998 хатм намудааст. 
Баъди хатми мактаби миёна соли 1998 ба коллеҷи ҳарбии шаҳри Душанбе дохил шуд ва баъди як соли таҳсил, соли 1999 ба хизмати ҳарбӣ рафта, то соли 2001 хизмат намудааст. 
Соли 2001 баъди адои хизмати ҳарбӣ ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба факултаи физика, шуъбаи радио ва электроника дохил шуда, соли 2009 донишгоҳро бо ихтисоси муҳандиси радиофизика ва электроника хатм намуда, соҳиби деплом гардидааст. 

Маӽмадраббӣ Исмоилов

Маӽмадраббӣ Исмоилов

Маӽмадраббӣ Исмоилов 07-уми феврали соли 1980 таваллуд шудааст. Фаъолияти меҳнатиашро дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1999 ба сифати ёвари коргардони идораи «Иқтисод»-и Телевизиони Тоҷикистон оғоз намуда, дар вазифаҳои ёвари коргардон кор карда минбаъд дар идорахои Телевизиони Тоҷикистон, коргардони дарраҷаи сеюми идораи «Субҳ»-и Телевизиони Тоҷикистон, кор карда соли 2006 ба ӽайси "Саркоргардон"-и телевизиони «Симои мустақили Тоҷикистон» кор карда аст .

Абдулло Мухаммадиев

Абдулло Мухаммадиев аз соли 1982-2016 ба ҳайси муҳаррири хурд,муҳаррир,муҳаррири варзида,муовини сармуҳаррири идораи барномаҳои сиёсӣ,муовини сармуҳаррири шуъбаи мактубҳо ва тадқиқоти сотсиологӣ,сардори шуъбаи тиҷорат ва рекламаи Телевизиони «Баҳористон» аз соли 2016 то кунун дар Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо» дар вазифаи сардори бахши тиҷорат ва реклама фаъолият менамояд.