Асоси

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз таҳти раёсати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. 
Дар маҷлиси ҳукумат нахуст лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як қатор қонунҳои амалкунандаи мамлакат мақул дониста шуда барои баррасӣ ба Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. 

Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия — роҳ ба сӯи пешрафт

Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия — роҳ ба сӯи пешрафт
Бо мақсади фаҳмонидани моҳият ва зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) кишвар дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд вохӯрии устодону омӯзгорон бо раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ахмедов ва Гулбаҳор Турсунова доир гардид. 

Китобхонаи миллӣ ба мактаби №46-и Варзоб 1600 китоб тақдим кард

Китобхонаи миллӣ ба мактаби №46-и Варзоб 1600 китоб тақдим кард
Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо дархости мактаби рақами 46, деҳаи Шодоби ноҳияи Варзоб ба китобхонаи ин мактаб 1600 адад китоб тақдим кардааст. 
Бино ба иттилои Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ, ки масъули тавзеҳи ин китобҳо будааст, дар маросими тақдим бештар аз 400 нафар устодону хонандагони мактаб ҳузур доштанд. 
Хонандагон дар бораи китоб, дониш, фазилати мутолиа шеърхонӣ карданд, саҳначаҳои ҷолиб намоиш доданд ва фестивали озмуни китоб низ ҳамзамон роҳандозӣ шуд. 

Оғози сафари корӣ ба ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон

Оғози сафари корӣ ба ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон
Имрӯз сафари кории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон аз ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 16 дар деҳаи Даҳанаи ҷамоати деҳоти Даҳана оғоз гардид. 
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ лентаи рамзиро бурида, мактаби навро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. 

Оғози фаъолияти боғчаи кӯдаконаи «Ситора» дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон

Оғози фаъолияти боғчаи кӯдаконаи «Ситора» дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон
Дар паҳлӯи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 16, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими оғози фаъолияти боғчаи кӯдаконаи «Ситора» иштирок кард. Кушодашавии ин боғчаи замонавӣ барои сокинони деҳаи Даҳанаи ҷамоати деҳоти «Даҳана»-и ноҳияи Ёвон имкони бештари ҷалби хурдсолон ба тарбияву таълимро фароҳам овард. 

Страницы