Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Россия
Submitted by sinamo on
17.04.2019, Россия
Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,
Пеш аз ҳама, мехоҳам бори дигар ба ҷониби Россия миннатдории самимиро барои даъват ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба Федератсияи Россия изҳор дорам.
Муколамаи мунтазам дар сатҳи олӣ ба мо имкон медиҳад, ки на танҳо масъалаҳои муҳим ва дурнамои шарикии стратегиамонро мавзӯӣ муҳокима кунем, балки дар бораи масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ муфассал мубодилаи афкор намоем.
Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунидҳои имрӯза ҳуҷҷатҳои муҳими дуҷониба ба имзо расиданд.