Норак

Ифтитоҳи мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №28-и дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон

Ифтитоҳи мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №28-и дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон
Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак мактаби миёнаи таҳсилоти умумии рақами 28-ро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ кард. 
Ёдовар мешавем, ки зимни сафари корӣ ба шаҳри Норак 13 августи соли 2013 - ум Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Рӯдакӣ барои оғози корҳои сохтмонӣ дар мактаби миёнаи таҳсилоти умумии рақами 28 санги асос гузошта буд. 

Ифтитоҳи гимназияи давлатии №1 дар маҳаллаи «Сари гузар»-и ҷамоати деҳоти Дуконии шаҳри Норак

Ифтитоҳи гимназияи давлатии №1 дар маҳаллаи «Сари гузар»-и ҷамоати деҳоти Дуконии шаҳри Норак
Дар маҳаллаи «Сари гузар» - и Ҷамоати деҳоти Дуконии шаҳри Норак Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти Гимназияи давлатии рақами 1 оғоз бахшид. 

Шиносоӣ бо фаъолияти КВД «Маҷмааи гармхонаҳои доимоамалкунанда»-и шаҳри Нораки вилояти Хатлон

Шиносоӣ бо фаъолияти КВД «Маҷмааи гармхонаҳои доимоамалкунанда»-и шаҳри Нораки вилояти Хатлон
Дар шаҳри Норак Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии «Маҷмааи гармхонаҳои доимоамалкунанда» бевосита шинос шуд. 
Чунонки иттилоъ доданд, маҷмааи гармхонаҳои шаҳри Норак соли 1982 бунёд гардида, дар замони истиқлолият пурра мавриди таҷдиду азнавсозӣ қарор гирифтааст. 

Ба истифода додани дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии-500кВ-и НБО-и Норак

Ба истифода додани дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии-500кВ-и НБО-и Норак
Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Норак Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Неругоҳи барқи обии Норак ташриф оварда, муҳимтарин қисмати ин иншооти стратегӣ – дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии-500кВ-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.