Хатлон

«Як ҳафтаи ҳаёти кӯдакон»- озмун бахшида ба Рӯзи байналмилалии кӯдакон

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилояти   Хатлон  тасмим гирифтааст, ки бо мақсади ба  ҳаёти солим ҷалб намудани  кӯдакон  ва  дарёфти истеъдодҳои наврас бахшида  ба  Рӯзи байналхалқии  муҳофизати кӯдакон —   1 июн дар  байни хонандагони муассисаҳои  таҳсилоти умумӣ  ва  тарбиятгирандагони  муассисаҳои  томактабии  вилоят      аз 24 то 31  майи соли 2016  бо номи «Як  ҳафтаи  ҳаёти кӯдакон» озмунҳои  «Рақси беҳтарин»,  «Сарояндаи беҳтарин»,  «Рассоми  беҳтарин»,  «Дастони  моҳир»-родоир кунад

Ифтитоҳи истироҳатгоҳи замонавии Пули Сангин дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Норак Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як мавзеи хушбоду ҳавои соҳили дарёи Вахш Истироҳатгоҳи замонавии Пули Сангинро ифтитоҳ кард.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки истироҳатгоҳ дар ҷамоати деҳоти Пули Сангин дар майдони 4 гектар бунёд шуда...

Ифтитоҳи мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №28-и дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон

Ифтитоҳи мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №28-и дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон
Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак мактаби миёнаи таҳсилоти умумии рақами 28-ро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ кард. 
Ёдовар мешавем, ки зимни сафари корӣ ба шаҳри Норак 13 августи соли 2013 - ум Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Рӯдакӣ барои оғози корҳои сохтмонӣ дар мактаби миёнаи таҳсилоти умумии рақами 28 санги асос гузошта буд. 

Ифтитоҳи гимназияи давлатии №1 дар маҳаллаи «Сари гузар»-и ҷамоати деҳоти Дуконии шаҳри Норак

Ифтитоҳи гимназияи давлатии №1 дар маҳаллаи «Сари гузар»-и ҷамоати деҳоти Дуконии шаҳри Норак
Дар маҳаллаи «Сари гузар» - и Ҷамоати деҳоти Дуконии шаҳри Норак Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти Гимназияи давлатии рақами 1 оғоз бахшид. 

Шиносоӣ бо фаъолияти КВД «Маҷмааи гармхонаҳои доимоамалкунанда»-и шаҳри Нораки вилояти Хатлон

Шиносоӣ бо фаъолияти КВД «Маҷмааи гармхонаҳои доимоамалкунанда»-и шаҳри Нораки вилояти Хатлон
Дар шаҳри Норак Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии «Маҷмааи гармхонаҳои доимоамалкунанда» бевосита шинос шуд. 
Чунонки иттилоъ доданд, маҷмааи гармхонаҳои шаҳри Норак соли 1982 бунёд гардида, дар замони истиқлолият пурра мавриди таҷдиду азнавсозӣ қарор гирифтааст.