Раъйпурсӣ

Эълони натиҷаҳои пешакии раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия

22 май соли 2016 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи муҳими сиёсӣ-раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд, ки натиҷаҳои пешакии он имрӯз эълон гардид.

Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода 23 май зимни эълони натиҷаҳои пешакии раъйпурсии умумихалқӣ иттилоъ дод, ки аз  рӯи  маълумоти  пешакӣ аз шумораи умумии раъйдиҳандагон, ки 4 миллиону 409 ҳазору 516 нафарро ташкил медиҳад, дар  ҷараёни раъйпурсӣ 4 миллиону 38 ҳазору 183 нафар раъйдиҳандагон ё худ 92% иштирок намуданд. Аз ин шумора, ба ҷонибдорӣ аз ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 миллиону 814 ҳазору 477 нафар раъй додаанд, ки ин рақам 94,5%-ро ташкил медиҳад. 3,3% раъйдиҳандагон ба муқобили ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия овоз додаанд.

Натиҷаҳои навбатии иштироки мардум дар раъйпурсии умумихалқӣ

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки мутобиқи маълумоти аз 68 комиссияҳои ҳавзавӣ воридгардида, то соати 15:00-и 22 май дар саросари ҷумҳурӣ 3 миллиону 518 ҳазору 184 нафар раъйдиҳандагон дар маъракаи муҳими сиёсӣ-раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд, ки 79,9 фоизи раъйдиҳандагонро ташкил медиҳад.

Ҳамоиши «Созандагони Ватан» зери шиори «Ҳама- ба раъйпурсӣ!»

22 майи соли равон чорабинии муҳими давлатӣ раъйпурсӣ барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад. Сокинони ноҳияи Панҷ нисбат ба ин маъракаи сиёсӣ, ки бозгӯкунандаи ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии мамлакат мебошад, бетараф набуда, ҳамаҷониба омодагии худро барои раъйдиҳӣ изҳор медоранд.