Кувайт

Мусоҳиба бо мудири бахши хабарии телевизиони Давлати Кувайт Бандар Насир ал-Саидӣ

Дар доираи сафари расмӣ ба Давлати Кувайт Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мудири бахши хабарии телевизиони Давлати Кувайт Бандар Насир ал-Саидӣ мусоҳиба анҷом дод.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба суолҳои хабарнигорон оид ба самтҳои асосии сиёсати хориҷии Ҳукумати кишвар, густариши робитаҳо бо мамлакатҳои арабӣ, аз ҷумла Давлати Кувайт, натиҷаҳои мулоқотҳои расмии Сарони кишварҳо баҳри пешбурд ва таҳкими ҳамкорӣ, талошҳои муштараки Тоҷикистон ва Кувайт оид ба ҳалли қазияҳои минтақа ва ҷаҳон посухҳои мушаххас дод.

Маросими муаррифии нашри арабии “Тоҷикон дар оинаи таърих” ва ифтитоҳи намоишгоҳи Тоҷикистон

Маросими муаррифии нашри арабии “Тоҷикон дар оинаи таърих” ва ифтитоҳи намоишгоҳи Тоҷикистон

Дар доираи сафари расмӣ ба Давлати Кувайт Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи Кувайт бо устодону донишҷӯён суҳбати самимӣ ва хотирмон доир кард.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар донишгоҳ устодону донишҷуён бо самимияти хоси истиқболи меҳмонони олимақом пазироӣ карданд.

Мулоқот бо роҳбарони ширкатҳои бонуфуз ва муассисаҳои молиявии Давлати Кувайт

Субҳи 16 майи соли 2016 дар рӯзи дуюми сафари расмӣ ба Давлати Кувайт Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони доираҳои соҳибкорию молиявии ин кишвар мулоқот намуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имкони дидору мулоқоти имрӯзаро ҳамчун иқдоми муҳим дар рушду таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт арзёбӣ кард.

Мулоқот бо Вазири Девони Амири Давлати Кувайт шайх Носир Сабоҳ ал-Аҳмад ас-Сабоҳ

Имрӯз ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири Девони Амири Давлати Кувайт шайх Носир Сабоҳ ал-Аҳмад ас-Сабоҳ мулоқот кард.

Зимни сӯҳбати пурмуҳтаво ҷонибҳо доир ба иштироки доираи соҳибкории Кувайт дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки гидронэргетикӣ, нақлиёту комуникатсионӣ ва коркарди канданиҳои фоиданоки кӯҳии Тоҷикистон табодули афкор карданд.

Оғози сафари расмӣ ба Давлати Кувайт

15 майи соли 2016 Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди Давлати Кувайт шуд.

Дар толори махсуси фурудгоҳи байналмилалии амирии пойтахти ин кишвар — шаҳри Ал-Кувайт Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Амири Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ истиқбол гирифт. Барои истиқболи меҳмони олимақом дар фурудгоҳи Ал-Кувайт, ҳамчунин Валиаҳди Давлати Кувайт Навоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ, Раиси Парлумони Давлати Кувайт Марзуқ Алӣ Муҳаммад Сунён ал-Ғонӣ, муовини аввали Сарвазир, Вазири корҳои хориҷӣ шайх Сабоҳ ал-Холид ал-Ҳамад ас-Сабоҳ, Мушовири Девони Амир Муҳаммад Зайдулло Шарор, ашхоси аршади Девони Амирӣ ва роҳбарияти олирутбаи Горди амирӣ ҳузур доштанд.