Суғд

Конфронс: «Осорхона- махзани фарҳанги миллӣ»

Имрӯз дар Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд конфронси илмӣ таҳти унвони «Осорхона- махзани фарҳанги миллӣ» баргузор гардид. Конфронс ба 90-солагии таъсиси Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, ки яке аз куҳантарин осорхонаҳои кишвар маҳсуб мешавад, бахшида шудааст.
Дар конфронс маърӯзаҳои олимону муаррихон дар мавзӯъҳои «Осорхона — оинаи таърихи шукӯҳманди ниёгон», «Васиқае аз мазори Шайх Муслиҳиддин», «Тадқиқоти археологии шаҳри Хуҷанд ва Қалъа», «Осорхона ва осорхонашиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида шуданд.