Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Насиба Рустамзода

    Насиба Рустамзода

    2023-02-14
    280

    Насиба Рустамовна 28 ноябри соли 1984  дар  ноҳияи  Ҳисор  таваллуд  шудааст. Соли  2000  мактаби  миёнаи №4-и нохияи  Ҳисорро   хатм  карда, сипас ба омӯзишгоҳи  тиббии н. Ҳисор  дохил шуда бо дипломи  сурх хатм намудаст.  Баъдан ба факултаи  Менеҷменти  Донишкадаи  Иқтисодии ш.Душанбе  дохил  шуда  онро  бо  муваффақият  хатм  кардаст. Қабл аз ба "Телевизиони Сафина"  омадан  тули  ду  сол  ба  ҳайси  хамшираи тибб дар дармонгоҳи н. Ҳисор  фаъолият  намудаст. Дар Муассисаи давлатии "Телевизиони Сафина" аз  рӯзи  таъсисёбии  он  ба  ҳайси  барномасоз  дар  шуъбаи  барномасози  фаъолятро  оғоз  кардаст.  Дар  баробари  барномасозӣ  боз  дар  барномаи субгоҳии  "Файзи  саҳар"  барандагӣ  мекард.  Аз соли 2008 ба ҳайси  муҳаррир дар идораи "Эҷод"- ТВС фаъолият намуда барномаи "Этикет" ва "Чило"-ро ба  уҳда  дошт.  Баъдан  соли 2014 ба  ҳайси муовини сардабири  идораи  "Эҷод"-и  ТВ Сафина кор  кард.  Муаллифи  барномаи "Хостаҳо",  ки  танҳо  бо  хости  дили  мардум  таҳия  ва пахш  мегардид. Хамзамон хар субхи шанбе дар барномаи субгохии  "Сапедадам"   барандагӣ  менамуд. Боз  муаллифи  ду  барномаи дигар ки  яке  "Сад  роз" буд, ки ончо танхо аз рузгори  бонувон харф  мезадему то хади имкон бо кумаки Вазоратхо кумак  мерасондем,  дигаре шоу- барномаи  интелектуали  бо  номи "Як  дов" буд. Соли  2016  аз  рузи  таъсисёбии  Телевизиони "Синамо" дар  идораи филмхои миллӣ  ба  хайси  мушаррир  фаъолиятро  огоз  кард.  Муаллифи  шоу - барномаи "Зина ба зина"  ва барномаи "Ахтарони ҳунар”  мебошад. Дар  баробари ин  боз  ровии  барномаи  хабарию  тахлии  идораи  "Иттиллоъ"  асту в дар  барномаи  "Нурафкан" низ  бо  хамрохии  хамкорон  барандагӣ  мекунад.  Аз соли 2017 то 2022 дар муассисаи мазкур ба ҳайси сардори шуъбаи Ороишию басаҳнагузорӣ  кор карда, аз соли 2022 то инҷониб  сармуҳаррири идораи Филмҳои миллӣ мебошад.  Дорандаи  унвони  аълочии  фарханги  ҶТ, аълочии Кумитаи  телевизион ва радиои ҶТ ва аълочии  матбуоти ҶТ ва  ифтихорномахои Кумитаи ҷавонон сайёҳӣ ва варзиш, Кушунхои сарҳадиии ЧТ, Телевизиони Сафина  ва  гайрахо.

    Шиор:  Ман  Ватанро  пеш  аз  харвакта  дорам  дусттар!!!!!!

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2023 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ