Аҳмадзод Ғайратшоҳ 21 уми октяри соли 1962 дар рустои Зеви ноҳияи Қалъаи хуми ВМКБ, дунё омадааст. Аз соли 1970 то соли 1978 дар мактаби 8 солаи рақами № 17 и ба номи А. Лоҳутии деҳа таҳсил намуда, мактаби 1- и маркази ноҳияро хатм намудааст.
Фаъолияти корияшро баъди хатми мактаби миёна 2 сол дар совхози “Дарвоз” ба ҳайси коргар оғоз намудааст. Соли 1984, баъди адои хизмати ҳарбӣ ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи филлологияи ДДОТ (ҳозира ба номи С.Айнӣ) месупорад. Нахӯстин мақолаҳояшро замони донишчӯӣ дар рӯзномаҳои даврӣ мунташир намудааст.
Аз соли 1994 пурра ба майдони журналистика ворид гардида, тавонист бо барномаҳои омоданамудааш, аз қабили “Аз кӯдакистон то дабистон”, “Дар оинаи таърих” ва “Рисолат” дар дили ҳазорон нафар ҷой гирад. Барномаи таҳлилӣ, ки дар жанри Токшоу бо журналисти варзида Моҳсафар Яҳёзод бо унвони “Фарҳанг ва мардум ” таҳия гардид, аз беҳтарин барномаи Шабакаи якум маҳсуб меёфт. Лоиҳаи дигари Ғайратшоҳ Аҳмадзод барномаи илмӣ адабии “Гулшани маънӣ” буд, ки дар он олимони соҳаи адабиёт аз Тоҷикистон, Эрон ва Ағонистон ҷалб мешуданд ва дар иртибот ба адибони классики форсу точик назарпардозӣ менамуданд.
Соли 2016 ба шабакаи навтаъсиси “Синамо”даъват шуда, лоиҳаҳои ҷадидеро, ба монанди “Ҳазору як андеша” “Ёди ёрон” “Як олам хотира” рӯи кор овард.
Ду филми мустанад оид ба рӯзгори ду донишвари камназири соҳаи адабиёти точик Худоӣ Шариф ва Амрияздони Амримардон ва ду барнома оид ба рӯзгори Аҳмад Зоҳир “Хуршеди хотираҳо” “Маро ёд кунед” таҳия намудааст, ки тариқи шабакаҳои даризабони Амрикою Афғонистон ва Урупо пахш гардидаанд.
Ғайратшоҳ Аҳмадзод узви конфедератсияи байналмилалии Иттифоқи журналистӣ, Барандаи ҷоизаи соҳаи журналистикаи ба номи А. Лоҳутӣ, Аълочии телевизион ва радио, “Аълочии матбуоти точик ”,”Аълочии фарҳанги Тоҷикистон” ва “Аълочии маорифи халқ” мебошад. Инчунин, бо даҳҳо сипоснома ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ шудааст.