Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Сулаймонов Муҳиддин Раҷабович

    Сулаймонов Муҳиддин Раҷабович

    2016-09-18
    262

    Муҳиддин Сулаймонӣ Аълочии Телевизион ва радио, узви иттифоқи журналистон ва узви итифоқи синамогарон мебошад. Ӯ соли 2000 дар риштаи филологии ДМТ ҳуҷҷат супорида, ҳамзамон бо телевизиони Тоҷикистон ҳамкорӣ оғоз намудааст. Аз соли 2001 ӯро расман ба ҳайси муҳаррири хурд ба кор қабул намуданд ва баъдан ҳамчун муҳарриру ёвари коргардон ва коргардон фаъолият намудааст. 

    Соли 2007 бо хоҳиши худ ба Муаcсисаи давлатии телевизиони кӯдакону наврасон «Баҳористон »гузашта, ба ҳайси мутахассиси пешбар, коргардони дараҷаи олӣ, муҳаррири варзида ва сармуҳаррири идораи барномаҳои иттилоотӣ фаъолият намудааст. 

    Солҳои 2007-2010 ҳамчун муаллиф ва коргардон Филмҳои ҳунарии «Даҳшат», «Меваи умр», «Дар гирди арча», «Афсоннаи хоб» ва филми тасвирии «Ду арча» - ро офаридааст. 

    Муҳиддин Сулаймонӣ  соли  2015 Аспирантураи Академияи илмҳои ҶТ ва соли 2017 Мактаби синамогарони ҷавонро хатм кардааст.

    Моҳи марти соли 2010 ба ҳайси муҳаррири варзидаи идораи барномаҳои «Субҳ» -и Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон гузашта, аз соли 2012-то соли 2015 ба ҳайси коргардони дараҷаи якуми ин идора фаъолият кардааст. Хизматҳои ӯро ба назар гирфта, соли 2012 бо унвони Аълочии Телевизион ва радио қадрдонӣ намуда, ҳамзамон ба узвияти Иттифоки жураналистон ва соли 2018 ба узвияти Иттифоқи Синамогарон пазируфтанд. пазируфтанд.Аз моҳи январи соли 2016 ба ҳайси сармуҳаррири шуъбаи филмҳои тасвирӣ-анимационии Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо» фаъолият дорад. Дар давоми фаъолияти худ як қатор филмҳои тасвирӣ ва мустанаду ҳунариро омода кардааст.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ