Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Сада таҳти унвони «Сада – рамзи фарҳанги миллати куҳан» ҳамоиши илмӣ – назариявӣ доир гардид. Қабл аз ҳамоиш намоиши гулу буттаҳои ороишию мавсимӣ, ниҳоли дарахтони мевадиҳанда, оростани дастархони идона, олоти кории кишоварзӣ, тухмии зироат ва дигар маҳсулоте, ки ифодагари ҷашни Сада мебошанд, ба намоиш гузошта шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Гуфта шуд, ки ҷашни Сада аз омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ, покиза намудани кӯчаву хонаҳо, кандану тоза намудани ҷӯю заҳбурҳо пайк медиҳад. Дар гузашта сокинони шаҳр ва рустоҳо барои оташафрӯзӣ ҳезум ҷамъ оварда, гулхани бузург меоростанд ва аз болои оташ парида, дар гирди он давр гаштаву сурудхонон мерақсиданд. Дар натиҷа, меҳру муҳаббат, якдилӣ, дӯстиву рафоқати одамон зиёд мегардид.
Таҷлили ҷашнҳои гуногуни таърихӣ, аз ҷумла Сада аҳамияти калони тарбиявию ватандӯстӣ дорад. Сада панҷоҳ шабонарӯзро то фарорасии Наврӯз дар бар гирифта, аз наздик омадани фасли баҳору оғози корҳои кишоварзӣ мужда мерасонад.
Ҳамзамон иброз гардид, ки Сада яке аз ҷашнҳои пуршукуҳи ниёгон, нишоне аз фарҳанг ва такягоҳу пуштибони таърихи дури тоҷикон, ҷашни тавъам ба кайҳону солшуморӣ ва кишту кишоварзӣ мебошад.
Таъкид шуд, ки маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаю созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Сада дубора эҳё гардида, шаҳомату азаматашро барқарор намуд.
Ҳамасола дар ин айём мардуми мамлакат бахшида ба ҷашни Сада дар баробари гулханафрӯзию омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ, инчунин аз ҳавлию хонаҳо ашёи нодаркорро берун намуда, ба тозаву озода гардонидани манзилу атроф ва вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ ба пешвози Наврӯзи ҳуҷастапай машғул мешаванд.