Рақиби дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар даври 1/4-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дар Давҳа маълум шуд. Дар ин марҳилаи мусобиқот дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими Урдун бозӣ анҷом медиҳад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Бозии 1/4-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Урдун 2 феврал дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алии Давҳа баргузор мешавад.
Вохӯрӣ соати 14:30 ба вақти маҳаллӣ (16:30 ба вақти Душанбе) оғоз мегардад.