Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    «ЗОЛ ВА РУДОБА». Ҳунармандони театри шаҳри Бохтар дар Фестивали байналмилалии «Фаҷр»-и Эрон сазовори Сипоснома ва дипломи махсус гардиданд

    «ЗОЛ ВА РУДОБА». Ҳунармандони театри шаҳри Бохтар дар Фестивали байналмилалии «Фаҷр»-и Эрон сазовори Сипоснома ва дипломи махсус гардиданд

    2024-02-01
    205

    20 ҳунарманди Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Фестивали байналмилалии 42-юми «Фаҷр»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон барои намоиши «Зол ва Рудоба» бо сипоснома ва дипломи махсус мукофотонида шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар медиҳад.

    Ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бо намоиши «Зол ва Рудоба» аз рӯи асари «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар таҳияи Баҳром Қурбонзода, саҳнавигардонии Ҷумъа Қуддус маротибаи аввал дар Фестивали байналмилалӣ «Фаҷр»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд.

    Дар нақши Зол- Фирдавси Турдиалӣ, Рудоба — Дилафрӯз Саидова, шоҳ Манучеҳр — Отахон Саидзода, шоҳ Сом — Муҳаммад Шомуддинов, Синдухт — Меҳрӣ Ҳоҷибоева, Комрон — Азизҷон Сайфуллоев ва дигарон бозӣ намуданд.

    Қиссаи ишқи Рудоба ва Зол (Золи Зар) яке аз достонҳои муассири ишқии «Шоҳнома» аст, ки дар риштаи умумии тасвироти қаҳрамонӣ ва эпикии асар ҷойи муайяне дорад.

    Ҳайати эҷодии театр бо намоиши «Зол ва Рудоба» соли 2023 дар Озмуни театрҳои касбии ҷумҳурӣ – «Парасту» иштирок намуда, соҳиби ҷойи дувум гардид.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ