Соли 2023 аз Тоҷикистон ба хориҷи ҷумҳурӣ ба маблағи 2 миллиарду 448 миллиону 800 ҳазор доллар маҳсулот содирот шудааст. Дар ин хусус 9 феврал зимни нишасти матбуотии Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.
Аз ҷумла, ба маблағи 2 миллиарду 400 миллиону 700 ҳазор доллар маҳсулоти саноатӣ содирот шудааст, ки нисбат ба соли 2022 15 фоиз афзоиш ёфтааст. Маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи ҷумҳурӣ дар ҳаҷми 177 ҳазору 900 тонна ба маблағи 48 миллиону 100 ҳазор доллар содирот шудааст. Аз ин 83 ҳазору 300 тонна меваи хушк, 60 ҳазору 700 тонна сабзавот, 27 ҳазору 700 тонна маваҷот ва 6 ҳазору 200 тонна дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ мебошад.
Тавре Директори Агентии содирот Баҳриддин Сироҷиддинзода дар нишаст иброз дошт, тибқи таҳлили ҳолати сифати маҳсулоти содиротшуда Ҷайҳун яке аз ноҳияҳои калонтарини кишоварзии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Натиҷаи кори пурсамари хоҷагидорону кишоварзони он дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат, инчунин дар таъмини устувории маҳсулоти бозорҳои дохилӣ ва берунӣ нақши назаррас дорад.
«Вобаста ба ин Агентии содирот тасмим гирифтааст, ки бо ҷалби маблағҳои буҷети давлатӣ ва ҳамзамон тавассути дастгирии молиявии шарикони рушди ҷумҳурӣ дар ҳудуди ноҳияи Ҷайҳун бунёди инфрасохтори Парки технологию логистикиро оғоз намояд. Инфрасохтори бунёдшаванда аз корхонаҳои муосири коркард, банду басти маҳсулоти кишоварзӣ, маркази тақсимоти яклухти сабзавоту меваҷоти барвақтӣ, маҷмааҳои анбори нигоҳдории маҳсулот, аз ҷумла анбори сарди нигоҳдории маҳсулот, минтақаҳои омоданамоии пешазсодиротии маҳсулот, истгоҳи мошинҳои боркаш ва будубоши ронандагони онҳо, аз ҷумла воситаҳои нақлиётие, ки дар доираи маблағгузории давлатӣ харида мешаванд, иборат мегардад.
Дар нишаст инчунин гуфта шуд, ки барои баланд бардоштани сатҳи дониши содироткунандагон дар самти омода намудани нақшаҳои пешбурди фаъолият ва содироти маҳсулот, маркетинг ва логистика ҷиҳати таъсиси Мактаби содирот корҳои ташкилӣ оғоз шуданд. Ҳамзамон лоиҳаи Консепсияи ташкили марказҳои логистикӣ таҳия ва тавассути Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷонибҳои манфиатдор барои татбиқи он пешниҳод гардидааст.