ДУШАНБЕ, 17.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба «30 иқдоми ҷавонон», ки тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумита баргузор мегардад, донишҷӯёни фаъолу соҳибистеъдоди муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳудуди шаҳри Душанберо бо сипосномаву туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуд. Дар ин бора дар кумитаи мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Маросими қадрдонии донишҷӯён дар ҳамоиши ҷавонон таҳти унвони «30 соли ҳамбастагии ҷавонон бо Пешвои миллат» бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 — солагии Иҷлосияи 16 — уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон доир гардид.
Дар ҳамоиши мазкур муовини Раиси Кумита Сураҷ Чоршанбезода, академики Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Кароматулло Олимов, Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллои Мирзо, муовинони ректори донишгоҳ ва донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳои олии мамлакат иштирок намуданд.
Дар ҳамоиш оид ба аҳамияти Иҷлосияи 16 — уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккул ва рушди давлатдории миллӣ» ва гиромидошти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маърузаҳо шунида шуданд.
Зикр шуд, ки бо талошу дастгириҳои Пешвои миллат имрӯз нақши ҷавонон дар сиёсат, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ баръало эҳсос мегардад. Ҷавонон имрӯз соҳиби саводи баланд, касбу кори гуногун буда, дар пешрафти илму техника, ихтироъкориву навоварӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Баъд аз қисмати расмии чорабинӣ барномаи рангини фарҳангӣ аз ҷониби донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳудуди шаҳри Душанбе доир гардид. Дар хатми он донишҷӯёни фаъол бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: агентии АМИТ «Ховар» https://khovar.tj/2022/11/30-soli-ambastagii-avonon-bo-peshvoi-millat-donish-yoni-so-ibistedod-adrdon-gardidand/