Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо синамогарони хориҷӣ филмҳои муштарак ба навор мегирад

    Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо синамогарони хориҷӣ филмҳои муштарак ба навор мегирад

    2024-02-20
    210

    Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар соҳаи филмофарӣ бо ташкилоту муассисаҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ намуда, ҷиҳати таҳкими робитаю ҳамкорӣ бо синамогарони хориҷи дуру наздик филмҳои муштарак ба навор мегирад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маъмурияти «Тоҷикфилм» хабар медиҳад.

    Дар асоси «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» бо мақсади рушду таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи синамо Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Триикс Медиа»- и Федератсияи Русия аз 5 то 13 феврал дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмате аз саҳнаҳои силсилафилми ҳунарии «ВАО-и нави Русия»-ро, ки аз фаъолияту корнамоиҳои рӯзноманигорон қисса менамояд, наворбардорӣ намуд.

    Саҳнаҳои филм асосан дар ҳудуди шаҳри Душанбе, аз ҷумла дар фурудгоҳи байналмилалӣ, Китобхонаи миллӣ, меҳмонхонаи «Ҳайят реҷенсӣ», бозори «Меҳргон», чойхонаи «Роҳат», Қалъаи Ҳисор, Осоишгоҳи «Хоҷа оби гарм» наворбардорӣ шуданд.

    Дар раванди филмбардорӣ ҳунарпешаҳо, нақшофарон ва муҳассилини мактабҳои олии мамлакат ҷалб гардида, нақшҳои лаҳзавию умумӣ офариданд.

    Хотирнишон менамоем, ки ин лоиҳаи дуюми синамоӣ аст, ки Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар ҳамкорӣ бо «Триикс Медиа»-и Федератсияи Русия рӯйи навор меорад.

    Соли 2023 як қисми силсилафилми ҳунарии «Комитет», ки доир ба рӯзгору фаъолияти кормандони мақомоти амният қисса мекард, аз ҷониби ин ҷамъият  дар ҳамкорӣ бо «Тоҷикфилм» дар ҳудуди Ҷумҳурии  Тоҷикистон наворбардорӣ гардида, тавассути шабакаи телевизионии «НТВ»-и Русия намоиш дода шуд.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ