ДУШАНБЕ, 17.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 21 ноябр дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маросими ифтитоҳи даври ҷумҳуриявии озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.
Пас аз маросими ифтитоҳ иштирокчиён мустақиман ба маконҳои баргузории озмун – толорҳо ва озмоишгоҳҳои пажӯҳишгоҳҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз рӯи номинаҳо фиристода мешаванд.
Дар охири рӯзи якуми озмун иштирокчиён бо олимони академия вохӯрда, бо онхо суҳбат карда метавонанд.
Тибқи барномаи озмун, 22 ноябр вохӯрии иштирокчиён бо адибон дар назар дошта шуда, 23 ноябр аз Осорхонаи таърихию бостоншиносӣ дидан мекунанд.
Озмун аз рӯи 7 номина: «Математика», «Физика ва астрономия», «Кимиё», «Биология», «Ҷуғрофия», «Технологияи иттилоотӣ» ва «Ихтироот ва навоварӣ» баргузор мешавад.
Дар даври ҷумҳуриявӣ иштироки 450 нафар ғолибони даври 3-юм дар назар аст. Барои озмун 2 миллиону 345 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст.
Маросими ҷоизасупории ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни «Илм- фурӯғи маърифат» 25 ноябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад.
Ёдовар мешавем, ки даври ҷумҳуриявии озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалӣ намудани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф» доир мешавад.
хабар аз Зарангези ЛАТИФ, АМИТ «Ховар»
АКС: Институти физикаю техникаи ба номи С.Умаров