Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Маросими ҷамъбаст ва ҷоизасупории Фестивали дӯстии афсарону сарбозон ва ҷавонони шаҳри Душанбе доир шуд

    Маросими ҷамъбаст ва ҷоизасупории Фестивали дӯстии афсарону сарбозон ва ҷавонони шаҳри Душанбе доир шуд

    2024-02-24
    237

    Ба ифтихори 31-солагии  таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори «Кохи Суруш»-и шаҳри Душанбе маросими ҷамъбаст ва ҷоизасупории Фестивали дӯстии афсарону сарбозон ва ҷавонони шаҳри Душанбе бо ташкили барномаи рангини фарҳангии «Гулчини сурудҳои ватандӯстонаи «Суруди сарбоз» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.

    Дар маросими ҷамъбасти фестивал ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои варзишӣ аз намудҳои футболи хурд, волейбол, гӯштини миллӣ, шоҳмоту шашка, гузаштан аз монеаҳо ва варзиши сабук (турник, брус, давидан ба масофаи 100 метр ва ҷаҳидан ба дарозии 2,5 метр) дар 18 номинатсия ба 45 варзишгар медал, диплом, ҷом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

    Дар натиҷа аз рӯйи ҳамаи намудҳои варзиш Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷойи 3-юм, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷойи 2-юм ва Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷойи 1-ум сазовор гардида, бо медалу диплом, Ҷом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ шуданд.

    Ёдовар мешавем, ки бахшида ба 31-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 15 феврали соли 2024   аз 17 то 22 феврал Фестивали дӯстии афсарону сарбозон ва ҷавонони шаҳри Душанбе таҳти унвони «Барои давлату миллатам содиқона хизмат мекунам» баргузор гардид.




     



    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ