мрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба татбиқи амалии нақшаи чорабиниҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, инчунин дигар масъалаҳои ҳалталаб машварати корӣ доир намуданд.
Дар машварати корӣ, ки бо иштироки роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Сарвазири мамлакат, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори генералӣ, роҳбарони як қатор вазорату идораҳо, Академияи миллии илмҳо, Маркази тадқиқоти стратегӣ, Маркази исломшиносӣ ва дигар мақомоти марказии давлатӣ баргузор шуд, масоили вобаста ба татбиқи амалии нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хусус таъмини волоияти қонун ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ таҳлилу баррасӣ шуд.