Лоиҳаи қонун «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» бо мақсади танзими ҳуқуқии фаъолият дар самти тарбияи ватандӯстӣ, муайян кардани мақомоти ваколатдори давлатӣ дар ин соҳа, субъектҳо, тақсимоти вазифаҳо дар байни мақомоти ба амалбароварандаи он, ҳамоҳангсозии фаъолияти субъектҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ва муайянсозандаи масъулияти онҳо, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ таҳия ва пешниҳод гардидааст. Ин матлаб аз ҷониби раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Раҳмон ДИЛШОД зимни баррасии масъала мазкур дар ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, ки 2 ноябри соли 2022 баргузор шуд, баён гардид.
Дар иҷлосия ҳамчунин зикр гардид, ки то ҳол Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», ки самтҳои фарохи онро дар бар гирад, дар алоҳидагӣ қабул карда нашудааст. Аз ин лиҳоз, таҳия ва пешниҳод гардидани лоиҳаи қонуни мазкур дар замони муосир бисёр зарурӣ, муҳим ва саривақтӣ мебошад.
Раҳмон Дилшод гуфт, ки «Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарбияи кӯдакону наврасон ва ҷавононро дар рӯҳияи арзишҳои суннатию башарӣ, дӯст доштани Ватан, тарбияи шахсиятҳои сатҳи баланди ахлоқӣ, дорои эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ, масъулиятшиносу фаъол ва созандаю эҷодкор вазифаи аввалиндараҷаи давлат, ҷомеа ва оила ҳисобида, пайваста дар ин бора роҳнамоӣ ва ҳидоят менамоянд. Мувофиқан, масъалаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, хусусан дар вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо кардани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, таассуби динӣ, бегонапарастӣ, дахолати неруҳои бадхоҳ ба корҳои дохилии кишварҳои ҷаҳон, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, беш аз пеш муассир буда, вусъат бахшидани кори тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ва танзими ҳуқуқии он хеле зарур ва саривақтӣ арзёбӣ мегардад».
Вакили Маҷлиси намояндагон Рустам Латифзода дар ин маврид чунин иброз дошт: «Ба воя расонидани фарди ватандӯст бевосита ба таълиму тарбияи он вобастагӣ дорад. Ватандӯстӣ чист? Ин ифтихор аз дастовардҳои сарзамин, омода будан дар ҳимояи он ва бартараф кардани таҳдиду хатарҳо, эҳтиром ба таъриху мероси ниёкон ва анъанаҳои миллию фарҳангӣ мебошад.Заминаи аввалини тарбияи ватандӯстӣ, ки омили муҳимтарини таъмини пешрафти ҷумҳурӣ мебошад, омода кардани кадрҳои соҳибилму соҳибкасб аз донишҳои замона бархӯрдор ва эҷодкор ба ҳисоб меравад».
«Ҳама хуб медонем, ки дар заминаи хурофот соҳибкасби хуб, ватандӯсти асил ва миллатдӯстро тарбия кардан ғайриимкон аст. Баръакси ин ҳамеша метавонад гаравидани ҷавононро ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, ки ҷуз харобшавии ҳисси ватандӯстӣ чизе ҳосил намедиҳад, ба вуҷуд орад. Аз ин хотир, Пешвои миллат ба мо тавсия ва супоришҳои муайяну мушаххас додаанд, то дар масоили ватандӯстию ватанпарастӣ насли наврасро тавре тарбия намоем, ки онҳо ҳамчун шаҳрвандон ва ватанпарастони асил ба воя расанд»,-зикр кард Рустам Латифзода.
«Итминони комил дорем, ки пас аз қабули қонуни мазкур дар муносибатҳои ҷамъиятӣ оид ба пешбурди сиёсати давлатӣ, иштирок ва фаъолнокии ин қишри ҷомеа дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавии мамлакат пешравиҳои куллиро ба миён меоварад”,- таъкид намуд ў.
Ёдовар мешавем, ки Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.
АКС: бойгонии АМИТ «Ховар»