Имрӯз бахшида ба Рӯзи Модар дар пойтахт маросими ҳавасмандгардонии фаъолзанон ва кормандони сохторҳои гуногуни шаҳри Душанбе баргузор гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Дар оғози ҳамоиш табрикоти Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бахшида ба Рӯзи Модар ба тамоми занону духтарон расонида шуда, ба онҳо саломативу хушбахтӣ ва хонаободиву саодати рӯзгор таманно карда шуд.
Гуфта шуд, ки Модар сарчашмаи ҳаёт, маънибахши зиндагӣ ва муқаддастарин инсон барои фарзандон мебошад. Ҳамин аст, ки мардуми соҳибфарҳанги тоҷик аз қадимулайём ба қадру мартабаи волои модар арҷ мегузорад ва ба ҷо овардани ҳурмату эҳтироми ӯ то ба имрӯз яке аз беҳтарин суннатҳои миллии мо ба шумор меравад.
Ҳамоиш дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор гардида, мақсад аз он арҷгузорӣ ба мақому манзалати модарон ва дастгириву қадрдонии занону духтарон мебошад.
Иброз гардид, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону духтарон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа бисёр тадбирҳои судмандро амалӣ намуд.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» изҳор шуд, ки нисбат ба замони то соҳибистиқлолӣ шумораи занони маълумоти олидор дар Тоҷикистони имрӯза зиёд гаштааст: «Беш аз 256 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм намудаанд, яъне соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд. Соли 1989 ҳамагӣ 66 ҳазор нафар занону духтарон соҳиби маълумоти олӣ буданд».
Иброз гардид, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занону модаронро ҳамеша дар маркази диққат қарор дода, барои беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоии занону модарон, ҳифзи ҳуқуқи оила ва модару кӯдак, фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагиву кор барои занону модарон ва муҳимтар аз ҳама, ҳарчи бештар ба раванди идораи давлат ҷалб намудани онҳо ва баланд бардоштани нақши иҷтимоии занону духтарон ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.