Имрӯз шанбе 19- уми солли 2022 мелодист, ки баробар ба 323 юмин рӯзи соли ҷорӣ рост меояд.
Назар ба таҳқиқи Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии ҷумҳурӣ борон ва барф ба амал меояд,
Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо бориши борон ва барф ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 2+7 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 12-17, дар баъзе минтақаҳо то 19-24 дараҷа хунук, рӯзона 1-6 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда ва дар водиҳо асосан бебориш дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ дар баъзе ҳолатҳо борон ва барф ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 дараҷа гарм, рӯзона 8+13 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар водиҳо баъзан бориши сусти борон дар назар аст. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ бориши борон ва шабона барф ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 12+17 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво шабона абрнок шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши борон ва барф ба амал меояд. Шабона ва саҳаргоҳон дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони бошиддат ба амал меод. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Рӯзона ҳавои бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 5+7 дараҷа гарм ва рӯзона 12+14 дараҷа гарм мешавад.
масъули сомонаи МДТВ "Синамо" Муҳиддин С