Дар асоси «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» ва нақшаи амали он барои солҳои 2023-2025 моҳи марти соли 2024 Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар шаҳри Душанбе наворбардории филми ҳунариро бо номи шартии «Виҷдон» оғоз менамояд.
Филмнома дар Шурои бадеии «Тоҷикфилм» мавриди муҳокима қарор гирифта, барои наворбардорӣ пазируфта шуд.
Достони филм робитаи падар бо писар ва гуфтугӯйи байни наслҳоро дар ҷомеаи имрӯз тасвир менамояд. Фаъолияти яке аз қаҳрамонҳои филм дар ширкати сайёҳӣ маконҳои зебою дилфиреби Тоҷикистонро ба намоиш мегузорад.
Дар филм нақши асосиро ҳунарманди маъруфи театр ва синамои тоҷик Исфандиёр Ғуломзода мебозад.
Ҳамзамон Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ҷиҳати татбиқи Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ бо Ҷамъияти саҳомии Иттиҳодияи истеҳсолию эҷодии «Студияи филмҳои мустанади Санкт-Петербург» филми ҳунарии муштаракро бо номи шартии «Сукут дар кӯҳҳо» аз моҳи март то моҳи июни соли равон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба навор мебардорад.
Саҳнаҳои филм асосан дар ҳудуди Тоҷикистон наворбардорӣ шуда, ҳунарпешаҳо ва хоҳишмандон барои нақшофарӣ тавассути кастинг ҷалб мегарданд.