Аз 10 то 13 июни соли 2024 шаҳри Душанбе мизбони Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 дар ҷаҳорчӯбаи Раванди оби Душанбе мегардад. Ҳадафи асосии Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи амал оид ба об тақвияти минбаъдаи талошҳои муштарак ва дастгирии иҷрои уҳдадориҳои ихтиёрии дар Рӯзномаи амал оид ба оби Конфронси оби СММ дарҷгардида маҳсуб мешавад. Вобаста ба омодагии Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ба ин ҳамоиш хабарнигори Манижа Баҳромзода бо роҳбари ин ниҳод Артур ван Дизен мусоҳиба анҷом дод.
Нахуст мегуфтед, ки аҳамияти Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи амалро барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор чӣ гуна арзёбӣ менамоед?
Артур ван Дизен: Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи амал масъалаи муҳиме аст, ки диққати ҳамагонро ба аҳамияти об ҳамчун ҳадафи муттаҳидкунанда барои ҷомеаҳо ва миллатҳо ҷалб менамояд. Инчунин ин рӯйдоди муҳиме аст, ки ба ҳуқуқи кӯдак барои ба воя расидан дар муҳити тоза ва бехатар равшанӣ меандозад, махсусан дар робита ба Ҳадафи 6-уми Рушди устувор («Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт»).
Оқибатҳои об, санитария ва беҳдошт (WASH)-и хатарнок барои кӯдакон метавонанд марговар бошанд. Ҳар рӯз беш аз 700 кӯдаки то 5-сола аз сабаби набудани хизматрасонии дурусти об, санитария ва гигиена аз бемориҳои дарунравӣ мемиранд. Дар минтақаҳои дорои низоъ эҳтимоли марги кӯдакон аз бемориҳои дарунравӣ нисбат ба худи низоъ тақрибан 20 маротиба зиёдтар аст. Бо назардошти он ки 2 миллиард нафар дар саросари ҷаҳон то ҳол ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд, 3,6 миллиард нафар ба санитарияи бехатар дастрасӣ надоранд, 2 миллиард нафар ба шустани даст бо собун дастрасӣ надоранд ва 419 миллион нафар дефекатсияи кушодро амалӣ менамоянд, дастрасии фаврӣ ба хизматрасониҳо ва низомҳои об, санитария ва беҳдошт (WASH ) зарур аст.
Конфронси сеюми оби Душанбе дар баррасии пешрафт ҷиҳати ноил шудан ба Ҳадафи 6-уми Рушди устувор («Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт») ва ҳадафҳою вазифаҳои марбут ба об, ки дар Рӯзномаи амалиёти об муайян шудаанд, нақши калидӣ дорад. Он инчунин ба мубодилаи таҷрибаи пешқадам ва қарорҳои инноватсионӣ, таҳкими шарикии ҷонибҳои манфиатдор, таблиғи нақши захираҳои об дар рушди устувор, баланд бардоштани огоҳӣ ва ҷалби иродаи сиёсӣ барои суръат бахшидан ба пешрафт дар расидан ба ҳадафҳои Рӯзномаи 2030 роҷеъ ба масъалаҳои об ва саҳм гузоштан ба Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор дар соли 2024 ва раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 равона шудааст.
Нақши Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи амалро дар мусоидат ба рушди дастрасӣ ба об барои табақаҳои аз ҳама канормондаи аҳолӣ чӣ гуна арзёбӣ менамоед?
Артур ван Дизен: ЮНИСЕФ чунин мешуморад, ки дар маркази Рӯзномаи амалиёти об гузоштани ҷавонон ва кӯдакон комилан зарур аст. Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи амал ба кӯдакон ва ҷавонон барои иштирок намудан дар мубоҳисаҳо, аз ҷумла форумҳо ва муколамаҳои интерактивӣ имконият медиҳад. Илова бар ин, азбаски мавзуи конфронс ба «уҳдадориҳои амал» нигаронида шудааст, он инчунин ба ҷавонон барои иштирок намудан дар баррасии мушаххаси амалҳо ва банақшагирии минбаъда ҳам дар сатҳи Тоҷикистон ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ имконият медиҳад.
Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон барои конфронси навбатии оби Душанбе чӣ нақшаҳо дорад?
Артур ван Дизен: ЮНИСЕФ ба Котиботи Конфронс дар банақшагирӣ ва ташкили форуми оби ҷавонон ва кӯдакон, ки чорабинии ҷаҳонӣ мебошад, дастгирӣ пешниҳод менамояд. Бо мақсади таҳкими садоқати Тоҷикистон ба Рӯзномаи об ва иқлим, бахусус аз нуқтаи назари иштироки ҷавонон ва кӯдакон ЮНИСЕФ ният дорад, ки дар Тоҷикистон шабакаи «Ҷавонон барои захираҳои об ва иқлим» таъсис диҳад, ки он аз як гурӯҳ ҷавонони талошкунанда, дилчасп ва ояндадор ва онҳое, ки мехоҳанд дар соҳаи обтаъминкунӣ дар Тоҷикистон нақши пешбарро ба зимма гиранд, иборат хоҳад буд.
Дар доираи конфронс шабакаи «Ҷавонон барои захираҳои об ва иқлим» ҷиҳати таҳияи нақшааш барои Тоҷикистон барои дастгирии рӯзномаи миллии об ва мусоидат ба суръат бахшидан ҷиҳати расидан ба Ҳадафи 6-уми Рушди устувор кор мебарад. Ин шабака ва нақшаи таҳиякардаи он бо захираҳо таъмин ва бо дастгирии ҷонибҳои манфиатдори дахлдор дар бахши об амалӣ мешаванд. Ба ғайр аз ин ЮНИСЕФ инчунин дар муколамаҳои интерактивӣ дар мавзуъҳои «Об барои саломатӣ», «Об барои иқлим», «Устуворӣ ва муҳити зист» ва «Об барои рушди устувор» иштирок менамояд.
Оё Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон вобаста ба конфронс ягон чорабинӣ ё вохӯрӣ ташкил намудааст?
Артур ван Дизен: ЮНИСЕФ Ҳукумати Тоҷикистонро дар ташкили конфронси қаблӣ оид ба захираҳои об дар Ню-Йорк дастгирӣ намуда, имсол низ ин дастгириро идома медиҳад. Ҳоло мо дар ҷараёни мулоқот бо ҷонибҳои манфиатдори дахлдор барои ҳамкорӣ ва тафсилоти барномаи чорабинӣ, ки моҳи июни соли 2024 баргузор мешавад, қарор дорем.
Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи амал барои баргузории Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар соли 2025 чӣ замина гузошта метавонад?
Артур ван Дизен: Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи амал бо Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки соли 2025 дар шаҳри Душанбе доир мегардад, хеле алоқаманд мебошад, зеро дар ҳарду конфронс мавзуи асосӣ об, иқлим ва масъалаи ҳифзи пиряхҳо мебошад. Тоҷикистон дар минтақа аз лиҳози дороии захираҳои об ба монанди як қулла аст. Инчунин мо бояд якчанд барномаро низ ба инобат гирем, ки бо хавфу хатарҳо алоқаманд ҳастанд. Тавре ки медонед, имрӯз яке аз масъалаҳои нигаронкунандаи ҷаҳон- ин гармшавии глобалии иқлим аст. Дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид тасмим гирифта шудааст, ки ҳарорати ҳаворо то 1,5˚С поён фароранд, лекин мувофиқи баъзе пешгӯиҳо шояд дар Тоҷикистон ҳарорат аз 4˚С зиёдтар шавад, ки ин боиси обшавии ҳарчи зудтари пиряхҳо мегардад.
Ин масоилро мо бояд дар чаҳорчӯби як даста баррасӣ намоем. Боз ҳам мехоҳам таъкид намоям, ки дар пайдо намудани роҳи ҳал мо ҳамеша таваҷҷуҳро ба наврасону ҷавонон равона менамоем, то ин ки онҳо дар пайдо намудани ин роҳҳалҳо нақши калидӣ ва марказиро иҷро намоянд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муайян намудани барномаи ҷаҳонӣ перомуни масъалаи об ва пиряхҳо нақши хеле ҳам муҳим дорад. Маҳз бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин масъала дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид ва аз ин лиҳоз мехостам як бори дигар ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешбурди ин масъала миннатдориамро баён намоям.
Интизориҳои Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон аз Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи амал чӣ гунаанд?
Артур ван Дизен: ЮНИСЕФ интизор аст, ки овози пешвоён (лидерон) — и ҷавон, ҳомиёни ҳуқуқи инсон ва мутахассисон дар ҷустуҷӯи дастрасии умум ба об ва санитария тақвият дода мешавад. Ҳамзамон пайравиҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият дода шуда, барои вусъати пешравӣ дар соҳаҳои мушаххаси Рӯзномаи амалиёти об дар Тоҷикистон ва берун аз он амалҳои мушаххас оғоз мешаванд.
Ба таври мушаххас, интизор меравад, ки форуме, ки бо дастгирии ЮНИСЕФ дар чаҳорчӯбаи Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи амал гузаронида мешавад, ба чунин натиҷаҳо мерасад:
- Пешниҳоди нақшаи дақиқи амал, ки аз ҷониби ҷавонон таҳия ва аз ҷониби ҳукумат эътироф шудааст;
- Гузариш ва паҳн намудани натиҷаҳои арзёбии глобалии пешрафт дар татбиқи нақша ва рӯзномаи рушди ҷавонон, инчунин иҷрои уҳдадориҳои ихтиёрии дар Конфронси оби СММ қабулшуда;
- Уҳдадориҳои возеҳ ва андозагиришавандаро ба зимма гирифтани ҳукуматҳо барои беҳтар намудани вазъи кӯдакон бо назардошти хавфҳои марбут ба иқлим, бахусус аз ҷиҳати сармоягузорӣ ва фарогирии хизматрасонии об, санитария ва беҳдошт (WASH) дар муассисаҳои тиббӣ;
- Ҷонибҳои манфиатдор, аз ҷумла ҳукуматҳо, бахши хусусӣ, шарикони рушд, ҷомеа ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ уҳдадор мешаванд, ки кӯдаконро дар сиёсат, барномаҳо ва хизматрасониҳои марбут ба обу иқлим дар ҷойи аввал гузоранд.