Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ доир намуданд

    Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ доир намуданд

    2024-03-11
    190

    Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба татбиқи амалии дастуру супоришҳо ва ҳидояту пешниҳодҳое, ки 9 март зимни мулоқоташон бо намояндагони фаъоли ҷомеа ва ходимони дин  садо дода буданд, машварати корӣ доир намуданд.

    Дар машварат, ки бо иштироки роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди олӣ, Прокуратураи генералӣ, вазорату идораҳои дахлдор ва муассисаҳои илмию тадқиқотии мамлакат ҷараён гирифт, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки масъулини дахлдор барои татбиқи амалӣ ва босамари дастуру супоришҳо, ҳидоятҳо ва пешниҳодҳои он рӯз садодода, ки дар миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа ҳамовозии зиёд дарёфт намуд, нақшаю барномаҳои асосноку ҳадафманд таҳия карда, чораҳои зарурӣ  амалӣ намоянд.

    Таъкид гардид, ки барои пешгирӣ ва бартараф намудани исрофу зиёдаравиҳо ҳангоми гузаронидани анъана ва ҷашну маросими мардумию динӣ, аз ҷумла маросими ҳоҷибинону ҳоҷиталбон, зиёфатҳои пурхароҷот, пайравӣ аз хурофоту одатҳои беасос, бегонапарастӣ ва баръакс барои тарғибу ташвиқи фарҳанги пурғановати миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси ифтихору сарфарозӣ аз истиқлолу озодии Тоҷикистони азиз аз ҳамаи имкону захираҳои мавҷуда бояд истифода шавад.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ