Имрӯз Вазири фарҳанги Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён вохӯрӣ намуд.
Дар мулоқот иброз гардид, ки равобити дӯстонаи Тоҷикистон ва Эрон- ин ду давлати ҳамзабону ҳамфарҳанг бо саъю талошҳои пайвастаи роҳбарон — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Иброҳим Раисӣ сол то сол уфуқҳои тоза касб намуда, рушду равнақ меёбад.
Ҷонибҳо аз ҳамкории мутақобилан судманд, аз ҷумла ҳамкории фарҳангии ду давлати ба ҳам дӯсту бародар ёдовар гардида, бо ҳам табодули афкор намуданд.
Роҳбарияти Вазорати фарҳанг аз баргузории барномаи фарҳангии муштарак таҳти унвони «Шоми мероси фарҳангии муштараки Тоҷикистон ва Эрон» ёдовар гардида, ташкили чунин чорабиниҳоро муфид ва муҳим арзёбӣ намуд.
Ҳарду ҷониб изҳори умед намуданд, ки равобити дӯстона, алалхусус дар соҳаи фарҳанг минбаъд низ идома меёбад.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон