Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи фарҳанг ва Наврӯзи байналмилалӣ ҳамоиши идона доир гардид

    Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи фарҳанг ва Наврӯзи байналмилалӣ ҳамоиши идона доир гардид

    2024-03-19
    234

    Бахшида ба Рӯзи фарҳанг (20 март) ва ҷашни байналмилалии Наврӯз  дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҳамоиши идона доир гардид, ки дар он оид ба ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ, ҳавасманд намудани фарҳангиёни мамлакат ва дар маҷмуъ баланд бардоштани сатҳи фарҳангии ҷомеаи Тоҷикистон сухан гуфта шуд.

    Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, зимни ҳамоиш гуфта шуд, ки ин рӯз ба мулоқоти анънавии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни мамлакат иртибот дорад, ки ҳамасола дар арафаи ҷашни зебои баҳор — Наврӯзи байналмилалӣ доир мегардад.

    Ҳамзамон гуфта шуд, ки  дар ин сана дар ҷумҳурӣ дари биною кохҳои бузурги фарҳангӣ, ба монанди Китобхонаи миллӣ ва Осорхонаи миллӣ ба рӯи мардумамон боз гардиданд, ки бо бузургию сохти нотакрори меъморӣ дар миқёси давлатҳои Осиёи Марказӣ беназир ҳастанд. Ин ҳама нишонаи сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ҳифз ва эҳёи арзишҳои миллӣ дар сарзамини тоҷикон мебошад.

    Иброз гардид, ки ҷаҳонӣ шудани ҷашни байналмилалии Наврӯз низ аз мероси бойи таърихию фарҳангии халқи тоҷик  дарак медиҳад. Дар таърихи фарҳанги мардуми тоҷик ҳеҷ анъана ва расму ойине чун ҷашни хуҷастапай ва фархундаи Наврӯз азизу арҷманд нест.

    АКС: Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ