Имрӯз дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана ва шукуҳи хосса таҷлил намуданд. Сокинону меҳмонони пойтахт дар боғи мазкур бо анъанаҳои қадимаи наврӯзии миллати тоҷик, ки аз ҷониби намояндагони сохторҳои гуногуни шаҳри Душанбе пешниҳод гардиданд, аз наздик шинос шуданд.
Дар ҷашнгоҳ намоиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил гардида, дастурхони наврӯзӣ бо таомҳои миллӣ оро дода шуда, яке зери деги суманак ҳезум меандохт, дуюмӣ онро мекофт, дигарон гирди он давра зада, бо доира суруди «Суманак дар ҷӯш, мо кафча занем»-ро мехонданд.
Корхонаву муассисаҳои ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дастовардҳои яксолаи худро ба маърази тамошо гузоштанд. Сокинону меҳмонони ин ҷашни пуршукуҳ зери таронаҳои наврӯзӣ мерақсиданду шодӣ мекарданд ва аз он ки зери осмони софу беғубор ва сулҳу субот ин ҷашни ниёгонро таҷлил менамуданд, шукрона мегуфтанд. Шоду нишоти кӯдаконро интиҳо набуд, онҳо шеър мехонданду мерақсиданд, ки аз ин имтирокдорон завқ бурда, хушҳолӣ менамуданд.