Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    «ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб либоси миллиро тарғиб намуданд

    «ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб либоси миллиро тарғиб намуданд

    2024-03-31
    300

    Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид.

    Иқдоми «Тоҷикона мепӯшем» бо мақсади арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, эҳсоси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, дар руҳияи зебоипарастӣ тарбия намудани донишҷӯён, инчунин баланд бардоштани ҳисси зебоипарастии занону духтарон ва тарғиби либосҳои миллӣ, дурӣ аз фарҳанги бегона баҳри муаррифии либоси атлас, адрас, чакан, алоча ва дигар либосҳои миллӣ  ташкил шуд.

    Омӯзгорзанон ва донишҷӯдухтарони донишгоҳ бо либосҳои миллӣ дар саҳни донишгоҳ ба сайру гашт баромада, либосҳои миллии тоҷиконаро муаррифӣ намуданд.

    Бояд гуфт, ки либоси миллӣ рукни фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст, ки давоми қарнҳо зебоиашро гум накардаву минбаъд низ гум намекунад. Солҳои охир таваҷҷуҳи роҳбарияти мамлакат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ зиёд гардидааст, то ин либоси зебо ба ояндагон ба мерос гузошта шавад.

      

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ