9 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Сарбанди шаҳри Гулистони вилояти Суғд коргоҳи коркарди моҳиро мавриди истифода қарор дода, бо раванди фаъолияти хати истеҳсолӣ шинос шуданд.
Коргоҳи истеҳсолӣ аз ҷумлаи иншооти ҷашнӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ маҳсуб шуда, тавоноии он дар як рӯз ва дар як баст коркарди 1 тонна моҳӣ ва истеҳсоли беш аз 5000 қуттӣ консерваи моҳӣ мебошад.
Коргоҳ дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат ба хотири таъмини сохторҳои низомӣ ва бозори дохилӣ бо консерваи моҳӣ таъсис дода шуда, дар он дар 2 баст 50 нафар сокинони маҳаллӣ, ки аксариятро занону духтарон ташкил медиҳанд, бо ҷойи кор таъмин гардидаанд.
Ҳоло коргарон бо истифода аз захираи ашёи хом ва хатҳои муосири технологӣ консерваи моҳиро дар зарфҳои оҳании 200-грамма коркарду истеҳсол менамоянд.
Иншооти соҳаи саноат дар заминаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Таъминоти моҳӣ” аз Ҷониби ҷамъияти дорои масъулияти Корпаратсияи “Моҳии тоҷик” дар ҳамкорӣ бо Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дар роҳи расидан ба ҳадафҳои муҳими стратегӣ саноатикунонии босуръат ва таъмини амнияти озуқаворӣ қадами устувор аст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми мазкурро дар самти қонеъ сохтани талаботи аҳолӣ бо ин намуди маҳсулоти парҳезӣ ва таъмини сохторҳои низомӣ муҳим арзёбӣ намуда, масъулонро вазифадор намуданд, ки ба сифати маҳсулоти истеҳсолгардида диққати зиёд диҳанд.
Инчунин дастур дода шуд, ки дар баробари зиёд намудани ҳаҷми истеҳоли консерваи моҳӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ аз ҳисоби занону духтарон, ҳамзамон барои таъсиси сардхонаҳои замонавӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Дар вилояти Суғд барои афзоиши ҳаҷми коркарду истеҳсоли ин намуди маҳсулоти парҳезӣ захира ва имконияти зиёд мавҷуданд. Дар ҳудуди вилоят ғайр аз Баҳри тоҷик ҳамзамон 5 хоҷагии моҳипарварии Корпоратсияи “Моҳии тоҷик” фаъолияти намунавӣ доранд, ки ҳамаи он дорои захираи намудҳои гуногуни моҳӣ мебошанд.
Тибқи иттилои масъулон, бештари маҳсулот барои коркард дар ин коргоҳ аз Баҳри тоҷик дастрас мегардад.
Ҳамасола кормандони Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Кумитаи ҳифзи муҳити зист аз Баҳри тоҷик аз 100 то 150 тонна моҳӣ сайд намуда, барои таъмини талаботи сохторҳои низомӣ дар сардхонаҳо захира менамоянд.
Дар саҳни коргоҳи навбунёд ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намудҳои гуногуни моҳии зинда, маҳсулоти аз моҳӣ ва гӯшти мурғ консервашуда намоиш дода шуд.
Феълан дар яхдонҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Таъминоти моҳӣ”-и Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори зарурӣ моҳии яхкарда, консерваи мурғ ва дигар намуди маҳсулот барои коркард ва таъмини талабот захира гардида, дар он 80 нафар кор мекунанд.
Корпоратсияи “Моҳии тоҷик” ҳамасола бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва имтиёзҳои пешбинишуда аз ҳисоби фаъолияти хоҷагиҳои моҳипарварии дар шаҳру ноҳияҳои вилоят мавҷуда беш аз 200 тонна моҳӣ истеҳсол менамояд. Дар оянда нақша дорад, ки ба ҳамин монанд боз ду коргоҳи дигари истеҳсоли консерваи моҳиро дар ноҳияҳои Ашти вилояти Суғд ва ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон бо таъсиси беш аз 45 ҷойи кор бунёд намояд.