Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои Гурӯҳи «Гули сурх»-и шуъбаи Раёсати КДАМ-ро ифтитоҳ намуданд

    Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои Гурӯҳи «Гули сурх»-и шуъбаи Раёсати КДАМ-ро ифтитоҳ намуданд

    2024-04-10
    174

    10 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Равғангарони шаҳри Истаравшан ҳамчунин бинои Гурӯҳи «Гули сурх»-и шуъбаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар шаҳри Истаравшан)-и вилояти Суғдро мавриди истифода қарор доданд.

    Иншоот дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи татбиқи сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакат бо мақсади фароҳам овардани шароити хуби кору фаъолият барои кормандони ин соҳа дар шаҳри Истаравшан сохта шудааст.

    Фармоишгари бунёди иншоот Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан буда, он дар доираи омодагиҳо ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.

    Бинои хизматии Гурӯҳи «Гули сурх»-и шуъбаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар шаҳри Истаравшан)-и вилояти Суғд дар асоси талаботи имрӯза бо таҷҳизоти муосири назоратӣ таъмин мебошад.

    Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити муҳайёгардида дар ин бино ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, кормандонро барои кору фаъолият ва хизмати содиқонаву софдилона ба нафъи давлату миллат ҳидоят намуданд.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ