Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад

    Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад

    2024-04-18
    155

    Байни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон, аз ҷумла, Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Узбекистон, Донишгоҳи давлатии Фарғона, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва ҳифзи ёдгориҳои фарҳангии «Шоҳроҳи Абрешим» ва Филиали Донишгоҳи давлатии умумироссиягии кинематография (ВГИК) дар Тошканд созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расид. Ин созишномаҳо зимни баргузории Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон имзо шуданд. 

    Созишномаҳои мазкур амалишавии ҳамкории байналмилалии донишкадаро ҷиҳати омӯхтани таҷрибаи навтарини таълимиву илмӣ ва эҷодии байналмилалӣ, ташкили табодули таълимиву академии донишҷӯён ва омӯзгорон дар хориҷи мамлакат, таҳия ва баргузории чорабиниҳои муштараки байналмилалӣ, ба монанди конференсияву семинарҳои илмӣ ва озмуну фестивалҳои эҷодӣ фарогир мебошад.

    Ёдовар мешавем, ки 15-16 апрели соли равон дар шаҳри Тошканд Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон доир гардид. Дар қатори роҳбарони муассисаҳои олӣ Ректори донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат, профессор Муҳриддин Низомӣ дар бахши сеюми кори форум дар мавзуи «Робитаҳои дӯстона – омили стратегии рушди ҳамкории таълимӣ ва фарҳангӣ» маъруза пешниҳод намуда, баҳри рушди ҳамкории байналмилалии муштарак чандин тавсияҳову пешниҳодҳои муфидро иброз дошт.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ