Тавре қаблан хабар додем, бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ аз 18 то 19 апрел дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Марҳилаи нави рушд, ҳифз ва муаррифии мероси таърихию фарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад.Имрӯз ба кори конференсия оғоз бахшида шуд.
Муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Шарифзода ва Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода бо сухани ифтитоҳӣ ба кори ин конференсия оғоз бахшиданд.
Дар ҷараёни конференсия мутахассисону кормандони соҳаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки «кормандони соҳаи тармим, барқарорсозӣ, кашф ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ бо камоли масъулиятшиносӣ ва ҳисси баланди ватандӯстию меҳанпарастӣ дар ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангии мамлакат, ки тавассути онҳо миллат муаррифӣ мегардад, саҳми намоён мегузоранд».
Дар ҷараёни конференсия гуфта шуд, ки тадқиқоти олимони дохилию хориҷӣ ва ёдгориҳои таърихию фарҳангии ҷумҳурӣ нишон медиҳад, ки миллати тамаддунофари тоҷик аз қадимулайём шаҳрсозу шаҳрдор ва китобдӯсту илмпарвар буд. Таърих шаҳодат медиҳад, ки миллати тоҷик шахсиятҳое чун Куруши Кабир, Томирис, Спитамену Оқсиарт, Анушервони Одил, Деваштичу Ғурак, Темурмалики ғаюру Ҷалолиддини Мангубердӣ, Восеъ, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Саъдиву Ҳофиз, Бедилу Хайём, Берунию Ҷомӣ, Фирдавсию Сино ва садҳову ҳазорҳои дигарро ба ҷаҳониён тақдим намуд, ки бо илму маҳсули қалам ва заковати худ олами маърифати башариятро мунаввар намудаанд.
«Дар воқеъ, ин миллати фарҳангсолору пурифтихор яке аз мутамаддинтарин мардумони дунё ба шумор рафта, бо хислатҳои неку ибратбахш ва наҷибонаи худ аз дигар ақвому халқиятҳо фарқ мекунанд. Воқеан, тоҷикон бо ақлу заковат, донишу хирад ва талошҳои собитқадамона дар тамоми ҷодаҳои илму маърифат ва тамаддунсозӣ ба комёбию музафаррият ноил шуданд ва ҳамин аст, ки то кунун ҷаҳони Аврупову Осиё, Амрикову Африқо аз донишмандони миллати тоҷик мегӯянду меболанд ва аз ашъори пурмазмуни онҳо иқтибос меоранд, аз асарҳои илмии мутафаккирони барҷастаи тоҷик дар тадқиқотҳои худ истифода мекунанд»,-иброз гардид дар ҳамоиш.
Иштирокдорони конференсия ҷавонони содиқ ва меҳандӯсти Ватанро даъват намуданд, ки пайравони аслии ин фарзандони фарзонаи миллат бошанд ва пайваста талош кунанд, ки мероси илмиву адабӣ ва таърихию фарҳангии аҷдодони худро дар сатҳи шоиста ба ҷаҳониён муаррифӣ созанд.
Баён гардид, ки ёдгориҳои бостонию меъморие чун Тахти Сангин, Панҷакенти Қадим, Ямчуну қалъаҳои сардарфалаки Вахон, Ҳулбуку Сайёд, Бунқҷикату Санҷаршоҳ, Гардани Ҳисору Тали Хамтуда, Мадраса ва мақбараи Хоҷа Машҳад, мақбараи Хоҷа Нақшрон ва даҳҳову садҳо ёдгориҳои таърихии дигар шаҳодат медиҳанд, ки миллати тоҷик шаҳрсозу шаҳрдор буда, бо шоҳкориҳои меъмории худ ҷаҳонеро шефта гардонида, имрӯз ин амалро идома медиҳад.
«Мо мутахассисони фарҳангпарвару маданӣ ва посдорандаи мероси аҷдодӣ изҳор менамоем, ки ёдгориҳои таърихӣ ва ҳудудҳои мухсус ҳифзшавандаи онҳоро бояд ҳифз кунем. Иҷозат надиҳем, ки ёдгориҳои таърихию фарҳанги худсарона забт шаванд ва ё дар ҳудудҳои онҳо сохтмонҳои нав ва бидуни меъёрӣ сохта шаванд. Бозёфтҳои таърихие чун Хазинаи Амударё, деворнигораҳои Панҷакенту Бунҷикат, ҳуҷҷатҳои суғдии кӯҳи Муғ, муҷассамаҳои хурду бузурги Будо, гаҷкориҳои Ҳулбуку Сайёд ва амсоли инҳо аз маҳорати баланди заргариву гаҷкорӣ, ороиши бадеию кандакории рӯи чӯб, маданияти волою санъати меъмории нотакрори миллати тоҷик дарак медиҳанд, ки ин осор ҷаҳониёнро шефтаи худ сохтаву диққати онҳоро муддати садсолаҳо ба худ ҷалб кардаанд»,- таъкид гардид дар ҳамоиш.
Даъват гардид, ки мутахассисону кормандони соҳа мебояд мероси таърихии манқули миллатро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намуда, иҷозат надиҳанд, ки он аз ҷониби бархе ашхоси нохудогоҳу бемаърифат қочоқ шаванд. Бозёфтҳои таърихию фарҳангиро, ки аз санъати баланди заргариву ороишӣ, тахайюлоти бою ғании ин миллат дарак медиҳанд, ба таври олӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем.
«Воқеан, мероси таърихию фарҳангӣ чун баёнгари арзишҳои волои маънавӣ ва хотираи гузаштаи таърихӣ пайвасткунандаи дирӯзу имрӯзу фардои миллат буда, дар шинохту муаррифии таъриху тамаддун ва мақому манзалати ҷаҳонии миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик нақши бисёр муҳим ва аҳамияти ниҳоят калон дорад. Бахусус, мавқеъ ва мақоми ин ганҷинаҳои гаронбаҳои ниёгон, ки роҳи пур аз печу тоби таърихиеро тай намуда, гузаштаи пурифтихори моро дар худ таҷассум мекунад, дар шиносоӣ ва арҷгузории ин миллати куҳан ҷойгоҳи барҷаста дошта, дар баланд бардоштан ва устувор нигоҳ доштани ҳисси худшиносию худогоҳии миллӣ ва ватандӯстии одамон, хусусан насли наврасу ҷавон нақши бориз дорад. Бесабаб нест, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин нуқта бо назари нек нигариста, осори куҳан ва ёдгориҳои таърихиро забони гӯёи фарҳанги миллат номида, таъкид намудаанд, ки «Қарзи мову шумост, ки ин гуна осори фарҳангиро ҷустуҷӯву пайдо намоем, онҳоро ҳифз кунем, омӯзем, омӯзонем ва барои болоравии сатҳи умумии маърифату эҳсоси худшиносии миллӣ истифода барем», — таъкид намуданд маърузачиён.
Гуфта шуд, ки дар ин ганҷинаҳо хотираи таърихи миллати мо нуҳуфтааст ва агар хотира аз байн равад, миллат низ ба нестӣ мерасад.
Хотиррасон гардид, ки дар замони кунунӣ, ки раванди ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо идома дорад, омезиши фарҳангҳо ва хатари аз байнравии миллатҳоро ба вуҷуд овардааст. Маҳз рӯ овардан ба гузаштаи ибратбахши ниёгон ва арҷ гузоштан ба мероси таърихию фарҳангии аҷдодон метавонад миллати моро аз ин баҳри рақобату зиддиятҳо сарбаландона берун бароварда, сарнавишти минбаъдаамонро муайян созад.
Иштирокдорони ҳамоиш изҳор доштанд, ки имрӯз вақти он расидааст, ки мо, тоҷикон аз сафҳаҳоти таърих ки будани худро дарёбем, ба он арҷ гузорем ва аз он беҳтарин лаълу дурдонаҳои маърифатро ҷудо намуда, ба худ интихоб намоем ва бо фарҳанги оламгири хеш аз ин уқёнуси муборизаҳо ва пуртазод бо саодатмандию сарфарозӣ бадар шуда, барои ояндагонамон аз имрӯз дида шароити беҳтареро фароҳам созем, то ки онҳо мисли мо ба гузаштаи хеш бо назари нек нигариста, ба он бо эҳтиром муносибат намоянд.
Дар охири конференсия ба кормандони соҳа, ки дар ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ фаъолияти босамар доранд, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.