Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои бисёрфунксионалӣ бо ҷойгиршавии Меҳмонхонаи чорситорадори «Фирдавсӣ»-ро ифтитоҳ намуданд

    Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои бисёрфунксионалӣ бо ҷойгиршавии Меҳмонхонаи чорситорадори «Фирдавсӣ»-ро ифтитоҳ намуданд

    2024-04-20
    148

    Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо талошҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷонибдории  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз сиёсати бунёдкоронаи Роҳбарияти олии мамлакат пойтахти кишвар шукуфон ва садҳо иншооти таъйиноти гуногун бунёд мегардад.

    Танҳо имрӯз ба ифтихори Рӯзи пойтахт дар шаҳри Душанбе як қатор иншооти муосири маишӣ, хизматрасонӣ ва саноатӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Аз ҷумла, 20 апрел нахуст Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансур ба ифтихори  «Рӯзи пойтахт»  бинои бисёрфунксионалӣ бо ҷойгиршавии меҳмонхонаи чорситорадори «Фирдавсӣ» — ро мавриди истифода қарор доданд.

    Маҷмааи муосир аз 22 ошёна иборат буда, меҳмонхонаи чорситорадори «Фирдавсӣ»  дар ошёнаҳои аз 13 то 22-юми бино ҷойгир шуда,  дорои 103 ҳуҷраи хизматрасонӣ, аз ҷумла 33 люкс, 8 нимлюкс ва 62 стандартӣ мебошад. Дар меҳмонхона имкон аст дар як вақт ба 200 меҳмон мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ хизмат расонда шавад.

    Бо ифтитоҳи маҷмааи нави хизматрасонию сайёҳӣ ва фароғатӣ дар пойтахти мамлакат 250 ҷойи кории нав таъсис ёфтааст. Дар рафти бунёди иншоот зиёда аз 150 мутахассиси маҳаллӣ ба кор ҷалб шуданд.

    Иншооти муосир аз тарафи соҳибкорони ватанӣ Бахтиёр Саидов ва Ҳикматулло Муқимов дар ҳамкорӣ бо ширкати «Муқим-1» бунёд гардидааст.

    Дар бино ҳамчунин марказҳои савдою хизматрасонӣ, фароғатию истироҳатӣ, маҷлисгоҳ бо 57 ҷойи нишаст, тарабхонаю ошхона, толори варзишӣ, ҳаммом ва дигар иншооти ёрирасон ҷойгир буда, барои воситаҳои нақлиёт таваққуфгоҳи зеризаминӣ низ бунёд ёфтааст. Дар болохонаи бино ҷойи нишасту истироҳати тобистона барои 150 нафар ташкил гардидааст.

    58 ҳуҷраи корӣ дар ошёнаҳои аз 3 то 12-уми бино ҷойгир буда, бо тамоми шароити зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад.

    Дар иншооти муосири маишию хизматрасонӣ барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба наврасону ҷавонон маркази забономӯзӣ таъсис ёфтааст.

    Ёдовар мешавем, ки 10 октябри соли 2019 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои оғози корҳои сохтмонии ин иншоот  асос гузошта буданд.

    Иншооти бошукӯҳ дар доираи тадбирҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни фархундаи миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарияти Мақомоти иҷроияти ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бунёд гардида, дар рӯзҳои таҷлили «Рӯзи пойтахт» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

    Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ватанӣ барои бунёди маҷмааи муосири хизматрасонию фароғатӣ ва сайёҳӣ дар пойтахти мамлакат изҳори сипосу миннатдорӣ  ва  чунин ташаббусу иқдомҳоро дар раванди созандагию бунёдкорӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои сокинон намунаи ибрат арзёбӣ  намуданд.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ