Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид

    Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид

    2024-04-20
    163

    19 апрел дар кинотеатри «Ватан» маросими ҷамъбасти Рӯзҳои синамои узбек дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» -и коргардон М. Матчанов хотимабахши Рӯзҳои синамои узбек гардида, алоқамандони синамо ба маҳсули эҷодии синамогарони узбек аз наздик ошноӣ пайдо намуданд. 

    Таъкид гардид, ки Рӯзҳои синамои узбек дар Тоҷикистон дар фазои дӯстӣ ва сулҳу суббот дар сатҳи муносиб доир гардида, омили асосии рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи синамо ва фарҳанг мебошад.

    Изҳори итминон карда шуд, ки омили қаробати халқҳои тоҷику узбек фаъолияти якҷоя дар фазои фарҳангии муштарак зиндагӣ кардан мебошад.

    Дар идома ба хотири қадрдонию меҳмоннавозӣ ба ҳайати меҳмонон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.

    Синамогарони узбек бобати дар сатҳи баланд баргузор намудани Рӯзҳои синамои узбек ба мардуми меҳмоннавози тоҷик ва ба роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуданд.

    Ёдовар мешавем, ки дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 то 20 апрел дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои синамои Узбекистон баргузор гардиданд. Рӯзҳои синамои Узбекистон ба таври расмӣ 16 апрел дар кинотеатри «Наврӯз»-и шаҳри Душанбе бо намоиши филми ҳунарии «Абдулло Орифов» ифтитоҳ шуд. Тибқи барнома, филмҳои Узбекистон дар шаҳрҳои Ҳисор, Ваҳдат ва ноҳияи Варзоб намоиш дода шуданд.

    17 апрел дар кинотеатри «Ватан» намоиши филми ҳунарии «Ситораи Улуғбек», ки дар он Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, дорандаи нишони «Ситораи Президенти Тоҷикистон» ва унвони фахрии «Арбоби ҳунари Тоҷикистон» Ҳошим Гадоев нақш офаридааст, манзури мухлисону ҳаводорони ин ҳунарпешаи асил гардонида шуд.

    Дар доираи ин рӯзҳо дар кинотеатрҳои шаҳри Душанбе ва коху қасрҳои фарҳанги шаҳрҳои Ҳисор, Ваҳдат ва ноҳияи Варзоб барои алоқамандони синамо филмҳои ҳунарии «Абдулло Орифов», «Судя», «Таҳаввулот» ва «Зинда бод ҳамсар!» намоиш дода шуданд

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ