Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад

    Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад

    2024-04-24
    223

    25-26 апрел дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Фонди миллии «Шоҳроҳи абрешим» ва дастгирии Институти омӯзиши сулҳи Иёлоти Муттаҳидаи Америка конференсияи байналмилалии илмию амалии «Рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика» баргузор мегардад.

     Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо хабар доданд, конференсияи байналмилалӣ дар партави ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» ва тибқи нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмию техникӣ барои соли 2024 доир мешавад.

    Ҳадафи асосии баргузории конференсия ташвиқ ва тарғиби ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба беҳдошти оби ошомиданӣ дар саросари ҷаҳон ва коркарди пешниҳодҳои муфид оид ба пурзӯр намудани ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи обу энергетика мебошад.

    Дар кори конференсия коршиносон, масъулон ва олимони соҳаи энергетика аз мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Америка иштирок мекунанд.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ